Далер Имомалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Далери Имомалӣ)
Далер Имомалӣ
Таърихи таваллуд: 28 июл 1988(1988-07-28) (35 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: мустанадсоз, коргардони филм, ҳунарпешаи театр, рӯзноманигор, муҷрии родию, видеоблогер
IMDb: ID 6746440

Далер Имомалӣ (зод. 28 июли 1988, ноҳияи Ҳисор) — коргардони филм[1], мустанадсоз, ҳунарпеша, рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои радиоӣ ва блогери тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Далер Имомалӣ 28 июли 1988 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Мактаби кинотеатри хонагии «Дидор», Мактаби филмбардорони ҷавони «Тоҷикфилм» ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар соли 2013 хатм кардааст[2]. Дар замони дар донишкада таҳсил доштан ба курсҳои махсуси кутоҳмуддати рӯзноманигорӣ ва мастерклассҳо низ мерафт[3].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзноманигорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишкада ҳеч яке театрҳо Далерро ба кор напазируфтанд. Баъдан ӯ сӯи радиои «Имрӯз» рафт ва оғоз ба фаъолияти расмии рӯзноманигорӣ кард[3]. Аввалин барномааш дар ин радио лавҳаҳои гузоришии якдақиқаина буд ва минбаъд муҷрии барномаи табрикотии «Барои ҳам», барномаи таҳлилии «Ҳарфи шумо» ва чанде дигар аз барномаҳо то соли 2016 буд.

Далер Имомалӣ аз солҳои 2017—2021 дар радиои «Ватан» фаъолият карда ва муаллифи барномаҳои «Пресс-Клуб» ва «Шабдарав» ва дар замони ҳамагирии Covid-19 муаллифи лоиҳаи «Covid-19. Муҳоҷират. Ватан» буд[4].

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Далер Имомалӣ узви Гурӯҳи театрии «Нигоҳи нав»[5] ва яке аз мубтакирони Ҷашнвораи театрии «Нигоҳи нав» аст[6][7].

Филмҳои мустанад[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизаи эътирофи ҷамъиятии «Шаҳрванди соли 2021»[22][23]
  • Барандаи ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО Тоҷикистон (2022)[24].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Daler Imomali - Biografía, mejores películas, series, imágenes y noticias(исп.). La Vanguardia (18 de mayo de 2022). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  2. Далер Имомали. Artdoc.Media. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Меҳрофарин Наҷибӣ. Далери Имомалӣ: қонунҳои ВАО монеаи фаъолияти озоди журналистиянд(тоҷ.). Фараж (31 июли 2021). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  4. Дар радиои «Ватан» роҷеъ ба коронавирус ва таъсири он ба муҳоҷирон лоиҳа амалӣ карданд(тоҷ.). Internews дар Тоҷикистон (29 ноябри 2021). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  5. Барандагони озмуни “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” эълон гардиданд (навор)(тоҷ.). Фараж (19 сентябри 2019). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  6. Шоҳҷоизаи «Нигоҳи нав» ба касе нарасид(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  7. Ифтитоҳи ҷашнвораи теотрии 'Нигоҳи нав' барои ҳунармандони ҷавон(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (17 май 2014). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  8. Зиндагӣ ва шеъри Фарзона дар филми "Духтари Сайҳун"(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  9. Муҳиддин Музаффар, Далер Имомалӣ. Духтари Сайҳун - Saykhun Daughter (English subtitles). Суғдсинамо.
  10. 10.0 10.1 10.2 Саъдулло Раҳимов. Ба ниҳон аз ӯ бипурсам, ба шумо ҷавоб гӯям(тоҷ.). Фараж (26 Декабри 2020). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  11. М. Табарӣ. «СИМО». Нахустин фестивали телевизионии филмҳои мустанад ҷамъбаст гардид. jumhuriyat.tj. Ҷумҳурият (7 Декабри 2017). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  12. Ҷоизаи миллии «Лолаи тилоӣ» дар соҳаи кинематография ҷамъбаст гардид(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (2019-12-2). 17 июни 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 октябри 2022.
  13. Умар-ако. Artdoc.Media. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  14. Умар-ако (película 2019) - Tráiler. resumen, reparto y dónde ver. Dirigida por Daler Imomali(исп.). La Vanguardia (17 de junio de 2022). 17 июни 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 июни 2022.
  15. «КӮЧАИ УМЕД-612». Филми коргардони тоҷик Далер Имомалӣ ба Кинофестивали XVI байналмилалии Қазон даъват шуд(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (9 июли 2020). 17 июни 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 октябри 2022.
  16. Sputnik Тоҷикистон. Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (8 июли 2020). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  17. Улица Надежды-612. Artdoc.Media. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  18. Шаҳре дар театр (Филми мустанад) | The city in the Theater (Documentary film). Theatre of Konibodom.
  19. Филми мустанаде дар коргардонии Далер Имомалӣ. vatan.tj.
  20. Определены финалисты конкурса MediaCAMP Award 2021(рус.). Internews в Таджикистане (6 сентябри 2021). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  21. Далери Имомалӣ: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ягон ҷангталабро надидам(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 июни 2022 санҷида шуд.
  22. Нигина Аслонова. Дар Душанбе “Шаҳрванди соли 2021”-ро маълум карданд. asiaplustj.info. ASIA-Plus (21 Декабри 2021). 17 июни 2022 санҷида шуд.
  23. Далер Имомали - «Гражданин года 2021». vatan.tj.
  24. Меҳрофарин Наҷевуллоев. Ҷоизаи Иқбол Илёсзода: Модар умедвор аст...(тоҷ.). Фараж (6 май 2022). 17 июни 2022 санҷида шуд.