Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Далер Меҳтоҷов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Далер Миҳтоҷов
Шаҳрвандӣ  Tajikistan
Ҷоизаҳо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)

Далер Миҳтоҷов (зод. 1976, ноҳияи Хуросон, ҶШС Тоҷикистон) — рассом, тарроҳ, омӯзгори варзида ва рассоми синамо. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Далер Миҳтоҷов соли 1976 дар ноҳияи Хуросонвилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст.

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2007 Далер Миҳтоҷов дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба ҳайси омӯзгори фанни «Тарроҳӣ ва ороишгарӣ» фаъолият мекунад. Ӯ зиёда аз 26 сол таҷрибаи омӯзгорӣ ва эҷодӣ дорад.

Ӯ бо телевизион, театр ва кино ҳамкории пурсамар дошта, муаллифи зиёда аз 50 лоиҳаи ороишии барномаҳои телевизионӣ ва консертҳои давлатӣ мебошад.

Ҳамчун рассом-таҳиягар (Production Designer) дар офаридани филмҳои зерин саҳм гузоштааст:

  • «Муҷассамаи ишқ» (2003, корг. У. Мирзоширинов);
  • «Қиёми рӯз» (2009, корг. Носир Саидов);
  • «Умед ба адолат» (2012);
  • «Гунҷишки сафед» (2014);
  • «Сафари ҳавоӣ» (2015, корг. Д. Раҳматов);
  • «Бункер» (2019, корг. Диловар Султонӣ). Филми «Бункер» дар фестивалҳои байналмилалии Сочи (Русия), Экс-ан-Прованс (Фаронса) ва Бангладеш иштирок намудааст.[1]

Намоишгоҳҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои рассом дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Чин, Узбекистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Украина, Кипр ва Юнон ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳҳои инфиродӣ:

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2008 — Аввалин намоиши шахсӣ (Осорхонаи ба номи К. Беҳзод);
  • 2009 — Намоиши шахсӣ дар дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон;
  • 2010 — Намоиши шахсии муштарак (шаҳри Анқара, Туркия);
  • 2013 — «Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?» (Осорхонаи миллии Тоҷикистон);[2]
  • 2016 — «Гулбоғи Хайём» (Осорхонаи миллии Тоҷикистон);
  • 2017 — «Сири кӯзаҳо» (Сафоратхонаи Фаронса дар Душанбе);
  • 2018 — «Хати сурх» (Меҳмонхонаи «Serena»);
  • 2021 — Намоиши вертуалӣ «Роҳи сурх»;
  • 2022 — «Гиряи лолаҳо» (Меҳмонхонаи «Serena»).[3]

Лоиҳаҳои муҳим

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ороиши «Карон» (2013): Лоиҳаи ороишии саҳроӣ дар шаҳри бостонии Карон (Дарвоз).
  • EXPO-2019: Ороиши павилони Тоҷикистон дар намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО-2019 дар шаҳри Пекин (соҳиби ҷойи 1-ум).
  • Қасри Миллат (2024–2025): Таҳия ва офаридани силсилаи 22 асари бузургҳаҷми таърихӣ аз давраи Пешдодиён то замони Истиқлол.
  • Театри Миллӣ (2025–2026): Офаридани 3 асари таърихӣ дар мавзӯи «Фарҳанг».
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016);
  • Ҷойи 1-ум, EXPO-2019 (Пекин, Чин);
  • Ҷойи 2-юм, озмуни байналмилалии «Дунё. Қувват. Одам» (Остона, Қазоқистон, 2016);
  • Барандаи озмуни «Беҳтарин 100 плакат» (Минск, Беларус, 2018);
  • Муаллифи логотипи расмии «2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».
  1. Филми «Бункер» дар Кинофестивали ҷаҳонии Сочи иштирок мекунад. khovar.tj. 16 феврали 2026 санҷида шуд.
  2. Далер Меҳтоҷов: "Кӯзаҳо бо инсон бидуни забон ҳарф мегӯянд". ozodi.org. 16 феврали 2026 санҷида шуд.
  3. Как Далер Михтоджов продвигает искусство Таджикистана. asiaplustj.info. 16 феврали 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)