Дамлама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дамлама таомест, ки аз гӯшт ё моҳӣ ва сабзавот бо дампартоӣ пухта мешавад. Дамлама хушхӯр ва зудҳазм аст, зеро дар он тамоми моддаҳои фоиданоки таркиби таом (витаминҳо, намакҳои маъданӣ, қанд, инчунин моддаҳои хуштаъму хушбӯйкунанда) боқӣ мемонанд. Дамлама чанд навъ мешавад: дамламаҳои гӯштӣ, моҳигӣ, кадугӣ, сабзавотӣ ва ғайра. Дамламаро бо номи буғлама низ истифода мебаранд.

Тарзи тайёр намудани дамлама (буғлама) чунин аст: дар дег аввал дунбачаҳои хурд-хурд буридашударо як қабат мечинанд, сипас аз болои он гӯшти гӯсфандгов)-ро як қабат мечинанд, аз болои он пораҳои пиёз, шалғам, сабзӣ ва картошка, инчунин қаламфури булғорӣ, кашнич, мурч ва зираро меандозанд. Дар охир як пиёла оби гарм андохта, дар оташи хеле паст, дар муддати 40-45 дақиқа буғ мекунанд, бо хоҳиши дил пораҳои карам ва барои хушбӯй шудан занҷабил ё райҳон илова мекунанд. Гӯшт ва равғани дунбаро лӯнда-лӯнда реза ва устухонҳоро бо гӯшташ 2-3-сантиметрӣ пора карда, бо пиёзи реза, намак ва зиравор омехта мекунанд. Ба дег аввал равған, баъд устухону гӯшти резашударо қабат-қабат мечинанд. Ба ҳар қабат андохтани барги ғор, мурчи кӯфта, шибит тавсия мешавад. Таом дар деги сарпӯшдор (барои набаромадани буғ ба атрофаш сачоқ мепечонанд) дар давоми 40 дақиқа бо дам мепазад.

Барои дамлама 2 кг гӯшт, 2 кг пиёз, 100 г равған, 5-6 дона барги ғор, 2 бандча шибит, мувофиқи табъ мурчи кӯфта, намак лозим аст.

Дамламаи моҳигӣ низ мисли дамламаи гӯштӣ пухта мешавад. Фақат ба ҷои 2 кг гӯшт 2 кг моҳӣ (лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра) меандозанд.[1]

Навъҳои таоми дамлама[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]