Дамламаи биҳигӣ
Зоҳир
Дамламаи биҳигӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшти серравғанро лӯнда-лӯнда реза мекунанд, қабурғаҳоро майда карда, бо намак ва зира меомезанд. Навъи биҳии туршакро шуста, тухмашро тоза ва 1-сантиметрӣ реза мекунанд. Масолеҳро ба деги тасфон андохта, сарпӯши дегро мепӯшанд. Таомро дар алови паст 40-45 дақиқа дам дода мепазанд. Гӯшту биҳиро ба табақча ва қиёмашро ба коса кашида, ба дастархон мегузоранд.
Барои тайёр кардани дамламаи биҳигӣ 2 кг гӯшти серравғани гӯсфанд 1 кг биҳӣ, мувофиқи табъ намак, зиравор ва кабудӣ зарур аст.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таббохӣ/ Дамламаи биҳигӣ. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |