Дарвозаҷакӣ
| Дарвозаҷакӣ | |
|---|---|
| Иттилооти инфиродӣ | |
Абунаср Аҳмад ибни Ҳасани Дарвозаҷакӣ, мулаққаб ба Сайфуддин, Фахрулислом, Зоҳид (? — 1154) — муфассири тоҷики бухороӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Абулвафо дар «ал-Ҷавоҳиру-л-музиа» ӯро аз ҳамтоён ва муосирони Бурҳонуддини Марғинонӣ ва нисбаташро Дарвоҷакӣ, Тамимӣ дар «ат-Табақоту-с-сания» Дарвоҳакӣ зикр кардаанд, вале баъзе муаллифон, ба монанди Муинулфуқаро дар «Таърихи Муллозода» нисбати саҳеҳи ӯро Дарвозаҷакӣ донистаанд, ки ба Дарвозақ ва ё Дарвоза — рустое дар якфарсахии Марв, ё ба маҳаллаи Дарвозаҷа дар Самарқанд ва ё ба маҳаллаи Дарвозаҷа дар Бухоро мансуб аст. Эҳтимол меравад, номи қаря ва ё маҳаллае, ки Дарвозаҷакӣ ба он нисбат ёфта, дар асл Дарвозача будааст. Аз сабаби он ки номи Дарвозаҷакӣ дар китобҳои фавқуззикри табақоти ҳанафӣ омадааст ва ӯ дар тафсири худ борҳо аз Абуҳанифа ва Абумансури Мотуридӣ бо эҳтиром ёд карда, ба қавли эшон истинод намудааст, тамоми шарҳиҳолнигорон ӯро ҳанафимазҳаб донистаанд.
Аз Дарвозаҷакӣ танҳо тафсире аз Қуръон ба забони форсӣ-тоҷикӣ боқӣ мондааст, ки номи он дар феҳристҳо ва нусхаҳо ба сурати «Латоифу-т-тафсир», «Латоифу-т-тафосир», «Латоифу-л-ирфон», «Тафсиру-з-Зоҳидӣ», «Тафсири Зоҳид», «Тафсири Зоҳиди Дарвозаҷакӣ» ва «Тафсири Сайфуддин» зикр шудааст. Ин асар яке аз тафсирҳои куҳнаи Қуръон ба насри равони форсӣ-тоҷикӣ буда, Қуръон дар он ба таври комил ва ҷомеъ тафсир шудааст. Дарвозаҷакӣ кӯшидааст, ки дар асари худ ба ҷои калимаҳои арабӣ бештар муодилҳои зебо ва хушоҳанги тоҷикии онҳоро истифода барад. Дарвозаҷакӣ дар ибтидои ҳар сура дар бораи маккӣ ва ё маданӣ будан, шумори оятҳо, калимаҳо ва ҳарфҳои он, фазилат ва таносуби он бо сураи қаблӣ ва баъдӣ, мафҳуми куллӣ ва асбоби нузули он маълумот додааст. Нусхае аз тафсири Дарвозаҷакӣ дар Ганҷинаи дастхатҳои ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвозаҷакӣ / А. Боқизода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.