Даруни (пешоянд)
(Тағйири масир аз Дарун)
Jump to navigation
Jump to search
даруни ( дарун + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда,маънои луғавиаш равона шудан ва ё воӄеъ гардидани амалро дар дохили ягон ашёе нишон медиҳад ва бо пешояндҳои аслии дар,ба, аз истеъмол мешавад.
Мисолҳо[вироиш]
- Касеаз даруни... хона баромада, бо падарам салом-алек ва вохӯрдӣ кард (Садриддин Айнӣ).
- Об аз сатил ба даруни вай даромада ва аз он ҷо боло рафта аз нойча берун рехтан гирифт (Садриддин Айнӣ).
- Даруни оташ монда ягон ҷояш насӯхтааст ("Садои Шарӄ").
Ҳаммаънои даруни пешоянди дохили мебошад, бештар дар нутӄи хаттӣ кор фармуда мешавад.
Мисолҳо[вироиш]
- Аз ин ҷост, ки ҳатто дар дохили ин асар ҳам фикрҳои танӄидии замони муаллиф бевосита ифода карда шуда,бо масъалаҳои дигар вобаста гардида, баён карда мешаванд (Абдулғанӣ Мирзоев).
Нигаред низ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.298