Даруни (пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

даруни ( дарун + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда,маънои луғавиаш равона шудан ва ё воӄеъ гардидани амалро дар дохили ягон ашёе нишон медиҳад ва бо пешояндҳои аслии дар,ба, аз истеъмол мешавад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Касеаз даруни... хона баромада, бо падарам салом-алек ва вохӯрдӣ кард (Садриддин Айнӣ).
  • Об аз сатил ба даруни вай даромада ва аз он ҷо боло рафта аз нойча берун рехтан гирифт (Садриддин Айнӣ).
  • Даруни оташ монда ягон ҷояш насӯхтааст ("Садои Шарӄ").

Ҳаммаънои даруни пешоянди дохили мебошад, бештар дар нутӄи хаттӣ кор фармуда мешавад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Аз ин ҷост, ки ҳатто дар дохили ин асар ҳам фикрҳои танӄидии замони муаллиф бевосита ифода карда шуда,бо масъалаҳои дигар вобаста гардида, баён карда мешаванд (Абдулғанӣ Мирзоев).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.298