Дарёвар
Дарёвар | |||||
---|---|---|---|---|---|
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: دریاور | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Дараҷаи болотар | Дарёдор | ||||
Дараҷаи поинтар | Новхудо | ||||
Ҳамто |
Дарёвар (форсӣ: دریاور) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо ва поинтар аз дарёдор дорад ва баробар бо гундсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст; контр-адмирал.
Дараҷаи поинтар: Новхудо |
![]() Дарёвар |
Дараҷаи болотар: Дарёдор |
Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
«Дарёвар» ба маънои «дарёдоранда; нигаҳдори дарё» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: дарё (форсӣ: دریا > порсии миёна: drayāb- > порсии бостон: drayah-[1]) + -вар (< порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara- ‘баранда’ < √*bar- ‘бурдан’[1]) ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад[2]. Ин пасванд дар «размовар» ва «таҳмовар» ҳам ба кор рафтааст[3]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]
Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[4] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[5][6]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 2, с. 1309.
- ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
- ↑ Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
- ↑ М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
- ↑ A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
- ↑ Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]