Амударё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Дарёи Аму)
Jump to navigation Jump to search
Амударё
пушту د آمو سيند, тоҷ. Амударё, ӯзб. Amudaryo, туркм. Amyderýa
Afghanistan - Tajikistan Bridge Completion.jpg
Купруки болjи дарёи Аму байни Тоҷикистону Афғонистон
Мушаххасот
Тӯл

1415 км

Ҳавза

309,000 км²

Сарфи об

тақрибан 2,000 м³/с

Ҷараёни об
Сарчашма

дарёҳои якҷоя: Панҷ и Вахш

  Мавқеъ

Минтақаи кӯҳии Помир

  Координатаҳо

37°06′22″ а. шим. 68°18′23″ т. ш.HGЯO

Резишгоҳ

Баҳри Арал

  Координатаҳо

44°06′30″ а. шим. 59°40′52″ т. ш.HGЯO

Мавқеъ
Тоҷикистон

Вилояти Хатлон

Амударё (Ӯзбакистон)
Blue 0080ff pog.svg
болооб
Blue pog.svg
резишгоҳ
Амударё дар Викианбор

Аму, Ому, Ҷайҳун, Амударё (форс. آمودریا‎, ба лот. Oxus) — калонтарин дарё дар Осиёи Марказӣ. Дар қисми болообаш Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Ба он Вахш, Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуздарё мерезанд ва сипас номи Амударё мегирад.

Амударё оқибат ба Баҳри Арал мерезад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ — 2540 км. Масоҳати ҳавзааш то шаҳри Каркӣ 309 ҳазор км2 (ғайр аз ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё). Майдони обҷамъшавӣ (якҷоя бо ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё) 227 ҳазор км2.

Таърих[вироиш]

Дар китоби Авесто бо номи Дойтиё маълум аст, ки дар Ориёнвиҷ ё худ Ориён Ваеҷа ҷорӣ мешавад.

Решашиносии ном[вироиш]

Куҳантарин номи таърихии Амударё Вахш аст, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» (дар давраи эронии бостон) буда маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.

Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.

Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун Панҷ номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «Ҳудуд-ул-олам» дар фасли «Сухан андар рӯдҳо» мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро Харноб хонанд, аз мағриби кӯҳи Қасак биравад ва миёни Бадахшон ва Порғар андар Ҷайҳун афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»[1].

Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: (форс. جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب‎). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» (форс. خروآب‎) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он — «шарв», «шорв» ва «шор» — ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» — ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар Дарбанд, Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар Дарвоз, Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар Ванҷ, Рошорву Ҳидошарв дар Рӯшон, Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар Шуғнон ва Абхарву Шитхарв дар Вахон зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.

Амударё дар «Авесто» «vanhuyā daityayā» хонда шуда ва «daityayā» баргирифта аз «dātya» дар эронии бостон (имрӯз «дод» гӯем ба маънии «адл») ва баргардонаш «бар пояи доду адл» аст. «vanhuyā» лақабест сифатгуна ва имрӯз «беҳ» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «Эронвеҷ веҳ дод рӯд» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро Веҳрӯд (Беҳрӯд) гуфтанд.

Аммо Аму бархоста аз номи амардҳо — бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Амуй гашт: порсии бостон «Amard» => порсии миёна «Amol» => порсии нав «آموی» (бар асари қоидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => ПМ «sāl» => ПН «сол»; ПБ *baudah- => ПМ «bōy» => ПН «бӯй»).

Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи Марв ба Бухоро буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.

Арабҳо Вахшро «наҳр» ва «ҷайҳун» хонданд, ки ҳамон «рӯд» аст. Аз инҷост, ки Фарорӯдро «Мовароуннаҳр» (форс. «ماوراءالنهر»‎) ва Вахшро «Ҷайҳун» (форс. «جیحون»‎) ва Амуйро «Амул» (форс. «آمل»‎) номиданд ва барои бозшинохтанаш аз Амули Табаристон онро Амули Ҷайҳун (форс. «آمل جیحون»‎) ва Амули Шатт (форс. «آمل الشط»‎) низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «paradraya» дар порсии бостон аст.

Амулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш Чаҳорҷӯй ном гирифт то ин ки туркманҳо Туркманободаш ном гузоштанд.

Сарчашма[вироиш]

Қисми асосии оби Амударё аз дарёҳои Панҷ ва Вахш аст, ки сароби онҳо — пиряхҳо ва барфҳои доимӣ дорад (масоҳ. пиряхҳо қариб 8 ҳазор км²). Аз ҷойи пайваст шудани дарёҳои Панҷу Вахш то тангнои Илчик (байни Келиф ва Каркӣ) бари водии ҳозираи Амударё аз 4 то 25 км аст. Баъди аз тангно гузаштани он бари водӣ 2-4 км мешвад ва дарё ба сӯи шим. ғарб тоб хӯрда минбаъд аз байни биёбонҳои Қароқум ва Қизилқум ҷорӣ мегардад. Дар тангнои Туямуюн Амударё аз таҳнишастҳои аллювиалии делтаи қадима мегузарад. Минбаъд водии дарё васеъ шуда, бари он ба даҳҳо км мерасад; делтаи ҳозираи Амударё аз деҳаи Тахиатош сар мешавад. 180 км-и аввали Амударё шохобҳо дорад, дар масофаи боқимонда оби он барои обёрӣ сарф мегардад, қисман бухор ва дар поёноб камоб мегардад. Шохобҳои асосиаш — Вахш, Кофарниҳон, Сурхондарё ва Сурхон, Қундуздарё ва Кӯкча.

Корбурди иқтисодӣ[вироиш]

Истифодабарии оби Амударё барои обёрӣ, одатан, аз март сар шуда, моҳҳои июн — авг. ба дараҷаи баланд мерасад. Сарфи солонаи об дар моҳҳои январ — феврал, дар баъзе солҳо моҳи март ҳам кам аст. То соли 1960 сарфи миёнаи об дар назди ш. Каркӣ дар як сония 2000 м3-ро ташкил медод. Оби Амударё тира аст (3,3 кг/ м3). Поёноби Амударё ях мебандад, дар ҳаволаи ш. Нуқус он тақр. 4 моҳ ях мекунад.

Амударё ва шохобҳои он барои обёрӣ аҳамияти калон доранд; аз он заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Соли 1962 канали Қароқум ба номи Ленин (дарозиаш 800 км) ба истифода дода шуда, оби Амударё то ба Ашқобод бурда шуд. Ҳамин тавр, дар воҳаҳои Мурғоб ва Таҷани Туркманистон 170 ҳазор га замини нав обёрӣ гардид. Барои обёрии заминҳои Бухоро соли 1962 канали Аму — Қарокӯл, соли 1965 канали Аму — Бухоро канда шуд. Оби Амударё ба воситаи насосҳои пуриқтидор ба системаи обёрии дашти Қаршӣ равон гардид. Амударё аҳамияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби Амударё дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1400 км-ро ташкил медиҳад. Ба воситаи Амударё маҳсулоти саноати нефт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад. Муҳимтарин бандарҳои Амударё Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй ва Нуқус мебошанд. Дар ҳавзаи Амударё давлатҳои қадими Осиёи Марказӣ — Хоразм, Суғд ва Бохтар ҷой гирифта буданд. Тадқиқи Амударё асосан аз охирҳои Амударё 19 оғоз ёфт. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз болои дарё Панҷ якчанд кӯпрукҳои пуриқтидор сохта шудаанд, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Набототу ҳайвонот[вироиш]

Соҳилҳояш, хусусан поёноби он тӯқау чакалакзор (санҷид, сафедор, газ, най ва ғ.). Дар Амударё моҳӣ бисёр аст: лаққамоҳӣ, хормоҳӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ ва ғ.

Эзоҳ[вироиш]

  1. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м саҳ. 40

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.