Дарёсолор
Дарёсолор | |||||
---|---|---|---|---|---|
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: دریاسالار | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Дараҷаи поинтар | Дарёбон | ||||
Ҳамто |
|
Дарёсолор (форсӣ: دریاسالار) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯи дарёӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст[1]; адмирал флота.
Дарёсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи олии нерӯи дарёии кишварро дорад.
Дараҷаи поинтар: Дарёбон |
![]() Дарёсолор |
Дараҷаи болотар: — |
Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
«Дарёсолор» ба маънои «фармондеҳи нерӯи дарёӣ»[2] аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст: дарё (форсӣ: دریا > порсии миёна: drayāb- > порсии бостон: drayah-)[3] + солор (форсӣ: سالار > порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sara-dāra-)[3].
«Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[2].
Истилоҳи «дарёсолор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри якум» (аз ар. أمیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[4].
Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]
Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[5] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[6][7]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
- ↑ 2.0 2.1 Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
- ↑ 3.0 3.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод.
- ↑ М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
- ↑ A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
- ↑ Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]