Jump to content

Дар орзуи падар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дар орзуи падар
Коргардон Саидҷон Қодирӣ
Муаллифи
филмнома
Кароматуллоҳи Мирзо, Саидҷон Қодирӣ, Ҷумъа Қуддус
Дар нақшҳои
асосӣ
Беҳрӯзҷони Саид
Муҳаммадҷон Шодӣ
Гулбаҳор Ҷумъаева
Сайрам Исоева
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ
Таҳмина Бурхвалишоева
Маҳмадсаид Пиров
Наворбардор Анвар Ғайбуллоев, Рустами Юсуф
Оҳангсоз Ҳафизи Саид
Ширкати синамоӣ Тоҷикфилм
Мамлакат  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Сол 2005

«Дар орзуи падар» — силсилафилми телевизионии тоҷикӣ, бо коргардонии Саидҷон Қодирӣ ва нависандагии Кароматуллоҳи Мирзо, ки авоили соли 2000 рӯи пардаи синамо баромад ва яке аз пурмухотабтарин филмҳои телевизионии Тоҷикистон гардид.

Филм қиссаи зиндагии писарбачае бо номи Меҳрубонро нақл мекунад, ки дар кӯдакӣ аз сабаби иштибоҳҳои падар оилаашро аз даст медиҳад. Дар оғоз онҳо хушбахтона зиндагӣ мекарданд, вале бо пайдо шудани маъшуқаи падар нохушиҳо ба миён меоянд. Дар ҳамин асно ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оғоз мешавад, ки боиси тағйири нигоҳи Меҳрубон ба зиндагӣ мегардад.

Ҳунарпешагон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пазироӣ ва маҳбубият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин силсилафилм натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон ва Афғонистон ҳам маҳбубият пайдо кард[2].