Jump to content

Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ
англ. The Pursuit of Happyness
Жанр драма
Коргардон
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ Relativity Media[d], Overbrook Entertainment[d] ва Escape Artists[d]
Давомнокӣ 113 дақиқа
Ҳазина 307 100 000 $[3]
Мамлакат
Забон инглисӣ
Сол 15 декабр 2006[1] ва 18 январ 2007[2]
IMDb ID 0454921
Сайти расмӣ(англ.)

«Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ» (англ. The Pursuit of Happyness) — филми шарҳиҳолии коргардон Ҷабраил Муччино, ки соли 2006 ба навор гирифта шуд. Филм дар бораи рӯзгоре одаме қисса мекунад, ки роҳи пурпечу тоби зиндагиро аз фақири бекор то як даллол ва тоҷири муваффақ тай мекунад.

Ҳодисаҳои филм аз соли 1981 дар Сан-Франсискои иёлати Колифорния шурӯъ мешавад. Линда ва Крис Гарднер ҳамроҳи писарашон Кристофер дар як хонаи хурд зиндагӣ мекунанд. Крис ҳамаи пасандозҳои оиларо дар роҳи хариди дастгоҳи ғилзатсанҷ сарф мекунад, то дар оянда ба нархи гаронтар фурӯхта, пули хуб ба даст орад. Ин ин дастгоҳҳо нисбат ба дастгоҳҳои рентгенӣ тасвирҳоро каме равшану возеҳ нишон медод, аммо аксари табибоне, ки Крис ба онҳо муроҷиат мекард, дастгоҳро гаронарзиш медонистанд ва қариб, ки намехариданд. Линда дар як ҷомашӯии меҳмонхонаи маҳаллӣ кор мекунад. Қарзи насупурдаи иҷораи хона ва дигар хидматрасониҳо боиси таниши лафзи миёни зану шавҳар мешуд. Крис аксар вақт мошинашро дар ҷойҳои иҷозатнашуда нигоҳ медошт, то саривақт ба маҷлисҳо расад ва пас аз таваққуф чиптаҳои зиёди ҷаримаҳо барои нигоҳдории нодурусти мошин ҷамъ мешуданд. Дар ниҳоят, Линда аз ин зиндагӣ бо Крис дилгир шуда, аз ӯ ҷудо мешавад. Крис исрор мекунад, ки писараш бо ӯ бимонад. Пас аз суҳбатҳои тӯлонӣ, Кристофер розӣ мешавад, ки бо падари худ бимонад ва Линда қарор кард, ки барои кор ба Ню-Йорк равад ва дар он ҷо ӯро кори беҳтаре интизор аст.

Крис дар ширкати <a href="https://ru.wikipedia.org/wiki/Dean_Witter_Reynolds(пайванди дастнорас)" rel="mw:ExtLink" title="Dean Witter Reynolds" class="new cx-link" data-linkid="108">Dean Witter Reynolds</a> ҳамчун коромӯз ба кори бемузд ҷалб мешавад. Ширкат аз 20 нафар коромӯз танҳо ба як нафар ваъдаи дар анҷоми муҳлати коромӯзӣ ба кор гирифтанро медиҳад. Набудани пул ва дастгоҳҳои ғилзатсанҷ, ки фурӯшад, Крисро саргардон мекунад ва дар натиҷа ӯ ва писараш бехонумон мешаванд. Крис ва писараш маҷбур мешаванд, ки дар нишастҷойҳои метро хоб кунанд, бино бар ин, онҳо дар охири ҳар рӯз дар паноҳгоҳи калисо навбат мепоянд, то якшаба ҷои хоби ором гиранд. Баъзан онҳо муваффақ ба паноҳгоҳ мешаванд, баъзан дар кӯча мемонанд. Бо вуҷуди ҳама шароити душвор, барои писари худ ҳама чизи имконпазирро карда, Крис қудрат пайдо мекунад, ки барномаи таҷрибаомӯзиро ба анҷом расонад ва ягона коромӯзе бошад, ки ширкат киро хоҳад кард.

Дар натиҷа Крис ба кор даромад ва баъдтар соли 1987 як ширкати даллолии худро таъсис дод. Бо фурӯши ҳиссаи худ дар соли 2006 ӯ миллионҳо доллар ба даст овард.

Найшҳоро офариданд

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳунарпеша Нақш
Уилл Смит Крис Гарднер Крис Гарднер
Джейден Смит Крис Гарднер-мл. Крис Гарднер-мл.
Тэнди Ньютон Линда Гарднер Линда Гарднер
Брайн Хоуи Джей Твистл Джей Твистл
Джеймс Карен Мартин Фром Мартин Фром
Дэн Кастелланета Алан Фракеш Алан Фракеш
Курт Фуллер Уолтер Риббон Уолтер Риббон
Скот Клэйс Тим Брофи Тим Брофи
Такаё Фишер миссис Чжу миссис Чжу

Ҷоиза ва номинаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2007 — Номзадии «Оскар» барои беҳтарин бозигар (Вилл Смит).
  • 2007 — Ду номинаи «Глобуси тилоӣ» барои беҳтарин бозигари мард — (Уилл Смит) ва Беҳтарин суруди аслӣ («Пароҳаи падар», матн ва мусиқии Сил ва Кристофер Брюс).
  • 2007 — Ҷоизаи Гилдияи ҳунармандони кино барои беҳтарин бозигари мард (Уилл Смит) пешбарӣ шудааст.
  • 2007 — Ду номинаи «Интихоби мунаққидон» барои беҳтарин нақши мардона (Уилл Смит) ва беҳтарин бозигари ҷавон (Ҷейден Смит).
  • 2007 — Ҷоизаи «Дэвид ди Донателло» барои беҳтарин филми хориҷӣ пешбарӣ шудааст.
  • 2007 — Ҷоизаи тасвири NAACP барои беҳтарин филм ва се номина: Беҳтарин бозигар (Вилл Смит), Беҳтарин бозигари нақши дуввумдараҷа (Ҷаден Смит), Беҳтарин бозигари нақши дуввумдараҷа (Танди Нютон).