Дар ( пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дар пешоянди аслӣ буда, ба маьнои гуногуни масоҳа (макони амалу ҳолат, замони воӄеь гардидани амал,нишон додани машғулияту амал, сарчашмаи аломат) кор фармуда мешавад:

Мисолҳо:[вироиш]

  • Дар ин диёр ҳаво зуд торик мешудааст (Фазлиддин Муҳаммадиев); Дар охирҳои зимистон падарам ба Маҳаллаи Боло рафтан хост( Садриддин Айнӣ);
  • Дар работи Килич Халифа занон дар ӄолинбофӣ машғул буданд (Садриддин Айнӣ);
  • ...номи ҳаӄиӄии Оймуллои Танбӯр Каримабону буд ва ӯ ҳам дар аӄл ва ҳам дар ҳусн ҳаӄиӄатан нодираи даврон ба шумор мерафт (Ҷалол Икромӣ).
Пешоянди андар муродифи пешоянди дар буда,дар назми имрӯза низ ба назар мерасад.

Мисолҳо:[вироиш]

Андар дили ман зинда шаванд, аҷдодон,
Саҳни дили ман ту гӯӣ маҳшаргоҳ аст. (Лоиқ Шералӣ).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - саҳ.290