Дастури Насафӣ
Дастури Насафӣ |
|---|
Мулло Надр Дастури Насафӣ (форсӣ: دستور نسفی; ? — 1690/91) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар баъзе шеърҳояш «Огоҳ» тахаллус дорад. Дар зодгоҳаш Насаф (Қаршии имрӯза) маълумоти ибтидоӣ гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар мадраса, ба хидмати дарбор ворид гардид ва дар васфи ҳукмрони давр − Абдулазизхон (ҳукмронӣ 1645—1680), умарову хоҷаҳои бузургвор қасидаҳои мадҳӣ менавишт. Бо сабки гузаштагон шеър мегуфт. Соли 1681 ҳамроҳи Абдулазизхон ба ҳаҷ рафт. Пас аз адои маросими ҳаҷ ба Ҳиндустон рафт ва ба силки дарбориёни Аврангзеб (ҳукмронӣ 1658—1707) пайваст. Аврангзеб ба Дастури Насафӣ мансаб дода, ӯро қозии ш. Кобул таъйин кард. Миёни Дастури Насафӣ ва ҳокими Кобул моҷарое бархост, бад-ин сабаб Аврангзеб ӯро аз қазоват бозхонд. Дастури Насафӣ аз Ҳиндустон ба ватан баргашта, дар Бешкент ном мавзеи наздики Насаф аз олам даргузашт. Аз девонаш дар маъхазҳо иттилоъ дода нашудааст.
Абёти зер аз ӯст:
Баҳор бода кашидан намешавад охир,
Гули пиёла ба чидан намешавад охир.
Чароғи аҳли тамошост доиман равшан,
Зи чашми оина дидан намешавад охир.
Маро зи дил алифи қомати бутон, Дастур,
Ба мадду оҳ кашидан намешавад охир.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дастури Насафӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.