Дастур-ул-илоҷ (дастхат)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

«Дастур-ул-илоҷ» (форсӣ: دستور-ال-علاج ‎) — асари табиб ва нависандаи машҳур Султон Алии Хуросонӣ мебошад, ки дар дарбори Шайбониён умр ба сар бурдааст.

Таърих[вироиш]

Алии Хуросонӣ ин асарро дар даврони ҳукумати Абӯмансур Кучкончихон маъруф ба Кучумхон (вафоташ 936 ҳ.қ.) мансуб медонад, ки бо дастури писари ӯ Абӯлғозӣ Султон Абӯсаид Баҳодурхон пас аз чиҳил соли мутолиа дар илми тиб, соли 933 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1526 мелодӣ ба риштаи таҳрир даровардааст.

Ин асар соли 1874 мелодӣ аз тарафи Муҳаммад Азиз валади Мулло Ниёз Муҳаммади Истаравшанӣ дар шаҳри Хуқанд нусхабардорӣ шудааст.

Мундариҷа[вироиш]

«Дастур-ул-илоҷ» аз муқаддима ва ду мақола иборат мебошад. Муқаддимаи китоб дар бораи ҳифзи саломатӣ ва баён дар тиб, саломативу беморӣ, нукоте дар бораи андомҳои басит, маркаби қувваҳо, набз, танаффус, бавл, арақ (-и бадан), тавлиду марг, даврони буҳрон ва ғайра сухан меравад.

Мақолаи аввал оид ба бемориҳои махсус ба узви муайян дар 25 боб ва ҳар боб муфассал дар чанд фасл ва ҳар фасл бар чанд навъ мебошад.

Мақолаи дуввум бошад оид ба бемориҳои ғайри муайян ба узви муштамил дар 8 боб ва ҳар боб бар чанд навъ мебошад.

Ҳамчунин муаллиф дар хутбаи оғози ин ду мақола бо табъи адибона ва истифода аз истилоҳоти тиббӣ насри забониро иншо менамояд, ки намояндаи адабиёти тиб буда, худ нишонгари он аст, ки ин табибони ҳаким на танҳо табиб балки ҳакимони адаб ҳам буданд. Ин ҳунаре, ки дар аксари матнҳои нусхаи хаттии тиббӣ вуҷуд дорад, мушахаси имтиёзи дигаре аз тибби қадим аст. Бояд зикр намуд, ки ҳунари нависандагӣ ва ҷаҳоншиносии ин табибони ҳаким дар пуштибонии илмӣ, фалсафӣ ва ақлонӣ буда, низоми хилқатро як маҷмӯа ва манзумаи куллӣ ва ваҳдонӣ медонанд.

Асари мазкуре, ки дар фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳ дошта мешавад, комил буда, аз 340 саҳифа иборат мебошад. Дарозии ин китоб 52 см ва бараш 30 см мебошад, ки дар ҳар варақ 25 сатрӣ навишта шудааст.[1]

Донистаниҳо[вироиш]

Асари «Дастур-ул-илоҷ», табиб ва нависандаи машҳур Султон Алии Хуросонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Пайванди беруна[вироиш]

  1. Таълифи «Дастур-ул-илоҷ» пас аз 40 соли мутолиа дар илми тиб