Даҳбед (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Даҳбед
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3501 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Даҳбед (собиқ Комсомол[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор. Аз Даҳбед то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 3501 нафар (2017)[2], тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Даҳбед масҷиди ҷомеъ, 2 масҷиди панҷвақта, маркази саломатӣ, 5 мағозаю дӯкон мавҷуд аст. Мардум ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои деҳа аз Канали калони Ҳисор обёрӣ мешаванд[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қарори Маҷлиси миллии МО ҶТ Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ҳисор, ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 305(тоҷ.). majmilli.tj. 14 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 сентябри 2018.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 236