Jump to content

Девонаи Ҳисобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девонаи Ҳисобӣ
Зодгоҳ Хива
Таърихи даргузашт 1493 Самарқанд
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Девонаи Ҳисобӣ (форсӣ: دیوانه حسابی‎; ?, Хоразм — 1493, Самарқанд) — навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодаи Хива. Дар Қарокӯл, Марв зиндагӣ ва ба камол расида, аз ҷавонӣ дар шеъру мусиқӣ, қиссахонӣ (ровӣ) маҳорат дошт. Овози хуб ва табъи баланди шоирӣ (ғазал, қитъа, рубоӣ) дошта, ба суханварону орифони замонааш ҳамкорию муносибати хуби эҷодӣ менамуд. Хоҷа Аҳрори Валӣ ӯро ба Самарқанд даъват менамояд ва муддати тӯлонӣ дар хидмати ӯ буда, шеъру сурудхонӣ мекард. Баробари ин ба ашъори Ҷалолуддини Балхӣ дар жанру шаклҳои созию овозии мусиқии «савт», «нақш», «амал», «кор», «қавл», «тарона», «пешрав» дар тазмини навоҳои мақомҳои «Рост», «Ҳусайнӣ», «Наво», «Ушшоқ», «Бузург» асарҳои рангин ҳам сохтааст. Соҳибдевон буда, бинобар ба ахбори манобеи хаттӣ (Алишери Навоӣ, «Маҷолис-ун-нафоис») рисолае дар мусиқӣ нигошта, мавриди назари аҳли таҳқиқ гардидааст.

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 62 — 60. — ISBN 978-99947-49-13-3.