Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Девони Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девони Ҳофиз
Нигора
Як қисме аз адабиёти форсӣ
Шакли асари халлоқона diwan[d]
Жанр шеър
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Ғазалиёти Ҳофиз (бар асоси нусхаи муаррихи 813 ҳиҷрӣ)[d]
Нависанда Ҳофиз
Таърихи нашр 1368
Забони асар ё навишта форсӣ
Файли ҳуҷҷат дар Викианбор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Девони Ҳофиз (форсӣ: دیوان حافظ‎) — китобест муштамил бар ҳама ашъори боқимонда аз Ҳофиз.

Бештари ин шеърҳо ба забони форсӣ аст, аммо ашъори муламмаъ (ба забони форсӣ ва арабӣ) ва як ғазали тамоми арабӣ ҳам дар он ба чашм мехӯрад. Муҳиммтарин бахши ин девон, ғазалиёт аст. Шеърҳое дар дигар қолабҳои шеърӣ монанди қитъа, қасида, маснавӣ ва рубоӣ ҳам дар ин девон ҳаст. Ҳеч нишонае мабнӣ бар нобудии бахши умдае аз ашъори Ҳофиз дар даст нест ва илова бар ин, Ҳофиз дар замони ҳаёташ шуҳрат зиёде доштааст. Бинобарин зиёд набудании теъдоди шеърҳои мавҷуд дар девон нишон медиҳад, ки ӯ шоири пуркоре набудааст. Шумори ҳамаи ғазалҳое, ки ба таври куллӣ мавриди пазириш воқеъ шудаанд, камтар аз 500 ғазал ҳастанд: 495 ғазал дар вироиши Қазвинӣ ва Ғанӣ, 486 ғазал дар вироиши дувуми Хонларӣ ва 484 ғазал дар вироиши Соя[1].