Аҳмад Дидот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Дидот, Аҳмад)
Аҳмад Дидот
احمد حسين ديدات
Ном ба ҳангоми таваллуд: Аҳмад Ҳусайн Дидот
Дин: Ислом
Мактаб: Мазҳаби Ҳанафӣ
Равия: Суннимазҳаб
Унвон: Шайх
Таърихи таваллуд: 1 июл 1918(1918-07-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 август 2005(2005-08-08)[1] (87 сол)
Маҳалли даргузашт:
Мамлакат:
Фарзандон: Yusuf Deedat[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмад Ҳусайн Дидот (форсӣ: احمد حسين ديدات‎; 1 июл 1918 — 8 августи 2005) — диншинос, нависанда ва воизи исломӣ. Оид ба масъалаҳои муносибати байни масеҳият ва ислом машҳур буд, асосгузори Маркази байналмилалии даъвати исломӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмад Дидот дар шаҳри Тадкешвари иолоти Гуҷарати Ҳиндустон дар соли 1918 таваллуд шудааст. Баъд аз таваллуди ӯ, падараш ба Африқои Ҷанубӣ муҳоҷират кард, ки баъдтар А. Дидот низ онҷо рафт. Дар он ҷо, ӯ бори аввал дар омӯзиши худ ҷидду ҷаҳд зоҳир кард, вале бо сабаби мушкилоти молиявӣ дар синни 16 вай маҷбур мешавад, ки мактабро тарк кунад ва ба кор шурӯъ кунад.

Дар соли 1936 Аҳмад Дидот ҳамчун фурӯшанда дар толорои мебел кор мекард, ки дар онҷо бо гурӯҳи масеҳиёне вомехурад, ки онҳо чунин мепиндоштанд, ки паёмбар Муҳаммад исломро бо қувват паҳнд кардааст — «бо истифода аз шамшер». Ҳамин тавр дар фаъолияташ А. Дидот таҳти таъсири Раҳматуллои Қайранвӣ «Изҳару-л-Ҳақ» (ар. إظهار الحق‎إظهار الحق‎) қарор гирифт. Ин воқеъа ба шиддат таҳти таъсир қарор гирифт ва ӯро маҷбур ба таҳлили муқоисаи адён кард.[2].

Аввалин муҳозараи худро Аҳмад Дидот дар Дурбане соли 1942 барои аудиторияи дорои шумораи 15 нафар мехонад, лозим ба ёдоварист, ки муҳозара «Муҳаммад — фиристодаи сулҳ» (англ. Muhammad: Messenger of Peace) ном дошт[3].

Дидот машғули даъват ба ислом мешавад, дар ҳоле, ки дастрасӣ ба технологияҳои муосир, телекоммуникатсия, ва интернетро надошт. Вале бо баромадҳо ва баҳсҳои худ бо диншиносони масеҳӣ нигоҳ накарда, Аҳмад Дидот дар кӯдаки дар зеҳни бисёре аз мардум тағирот дод ва осори вай ба тамоми забониҳои аслии ҷаҳон тарҷума шудааст.

Асосгузори Маркази байналмилалии даъвати исломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмад Дидат хуб дарк кард, ки хидмати ӯ барои даъват ба ислам аз тариқи баҳси илмӣ бо диншиносони дигар баъди магаш идома меёбад. Барои ин зарур буд, ки заминаи мустаҳкам тайёр карда шавад. Бинобарин, шуру шавқи хос муҳақиқи мусулмон дар талош барои расидан ба ҳадаф эътимод дошта бошад.

Беморӣ ва марг[вироиш | вироиши манбаъ]

3 майи соли 1996 Аҳмад Дидот сактаи мағзӣ мешавад, ки дар натиҷа тамоми бадан фалаҷ мешавад, ба ҷузъ аз гардан боло. Фалаҷ дар рагҳои мағзи сар расонда, дар натиҷа Дидот тайи нуҳ сол зиндагии худ наметавонист ҳаракат кунад, сухан гуяд ва мустақилона хурок хурад. Дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Судӣ ӯ дубора бозсозӣ шуд, ки ӯ бо кумаки чашм калимаҳо ва ҷумлаҳоро пурра кунад[4].

Аҳмад Дидат 8 августи 2005 дар хонаи худ дар шаҳри Веруломи вилояти Квазулу-Натал вафот кард.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шайх Дидот ҷоизаҳои зиёде аз як қатор кишварҳои арабӣ мукофотонида шуд аз ҷумла соли 1986 бо ҷоизаи шоҳ Фаҳд сазовор дониста шуд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Deutsche Nationalbibliothek Record #1033452173 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  2. Obituary Obituary: Ahmed Hoosen Deedat (1918–2005): by Goolam Vahed, Department of History, University of KwaZulu Natal(англ.). uct.ac.za. 01 ноября 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Декабри 2010.
  3. Demystifying Islam and Debating Christianity(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). islamonline.net. 01 ноября 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2006.
  4. Medical Report on Sheikh Ahmed Deedat(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). ahmed-deedat.co.za. 01 ноября 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Январ 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]