Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Дилбар Одилзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилбар Одилзода
Одилзода Дилбар Раҳим
Таърихи таваллуд 17 марти 1972(1972-03-17) (54 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1994)
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Дилбар Одилзода (Одилзода Дилбар Раҳим, тав. 17 марти соли 1972, шаҳри Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — омӯзгор, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Солҳои 1989-1994- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб.
  • Солҳои 1994-1996- Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28, шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 1996-1997- Ҷонишини директори мактаби таҳсилоти умумии №28, шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 1997-2004- Директори мактаби таҳсилоти умумии №15, шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 2004-2006- Мураббии кӯдакистони №18, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2006-2009- Мураббии кӯдакистони №126, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2009-2010- Мудири кӯдакистони №127, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2010-2011- Муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
  • Соли 2011 (02-12)- Мутахассиси пешбар ва муовини Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2011-2015- Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2015-2017- Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2017-2018- Муовини аввали директори муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  • Солҳои 2018-2020- Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб».
  • Солҳои 2020-2021- Муовини раиси шаҳри Кӯлоб.
  • Соли 2022 (01-02)- Директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода.
  • Аз 21 феврали соли 2022 — Муовини Раиси шаҳри Душанбе.
  • Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоб гардидааст,
  • Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон.[1]
  1. ↑ Одилзода Дилбар Раҳим(тоҷ.). www. majmilli.tj. 10 феврали 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)