Дилбар Умарова
Jump to navigation
Jump to search
Дилбар Умарова | |
---|---|
Умарова Дилбар Усмановна | |
Таърихи таваллуд: | 26 август 1949 (71 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Касб: | ҳунарпешаи синамо |
IMDb: | ID 0880807 |
Дилбар Умарова (Умарова Дилбар Усмановна; 26 августи 1949, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1976). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон[1]
Зиндагинома[вироиш]
Дилбар Усмановна Умарова — 26 августи соли 1949 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Бори аввал соли 1957 дар филми «Ман бо духтаре вохурдам»- и «Тоҷикфилм» иштирок карда пешаи ҳунари синаморо интихоб кардааст. Ӯ соли 1971 студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро дар Москва хатм кардааст. Солҳои 1971—1983 ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва сипас аз соли 1983 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.[2].
Саҳм дар синамо[вироиш]
Дар филмҳои
- «Достон дар бораи Рустам»(2 серия, 1970),
- «Вақте, ки осиё бозистод»(1972),
- «Тӯфон дар водӣ»(1972),
- «Субҳи Ганг»(2 серия,1975),
- «Соҳиби об»(1977),
- «Боз як шаби Шаҳризод»(1984),
- «Ҷӯра — шикорчӣ аз Минархар»(5 серия, 1985)
- «Ашк ва шамшер» (4 серия,1991) ва диг. нақшҳо офаридааст.
[3].
Эзоҳ[вироиш]
Гурӯҳҳо:
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 26 август
- Зодагони соли 1949
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Аъзои Иттифоқи синамогарони ИҶШС
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон