Jump to content

Дилором Тошмуҳамедова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилором Тошмуҳамедова
ӯзбекӣ: Toshmuhamedova Dilorom G'ofurjonovna
Таваллуд 19 феврал 1962(1962-02-19) (63 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Ордени «Дӯстлик»
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дилором Ғафурҷоновна Тошмуҳамедова (ӯзбекӣ: Toshmuhamedova Dilorom Gʻofurjonovna; ҷинс. 1962) — сухангӯи Палатаи Қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2008-2015[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар вилояти Тошканд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз рӯи миллат ӯзбек аст.

Соли 1978 мактаби миёнаро хатм кард ва соли 1984 — Институти давлатии тиббии Тошканд. Беш аз даҳ сол дар ин мактаби олӣ бо фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буд. Соли 1993 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Номзади илмҳои тиб .

Соли 1994 ширкати хусусии "Фармед" - ро ташкил кард. Соли 2003 факултаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Академияи сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм кардааст. Магистри муносибатҳои байналмилалӣ.

Дар солҳои 2001-2004 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон .

Соли 2004 вакили Палатаи Қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Кумитаи корҳои байналмилалӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб шуд. Соли 2005 котиби аввали Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат"ва роҳбари фраксияи парлумонии ҳизб интихоб шуд. Моҳи январи соли 2008, тибқи қонунгузории амалкунанда, узвияти ҳизбро боздошт.

Моҳи июли соли 2007 ӯ муовини сухангӯи Палатаи Қонунгузории Маҷлиси Олӣ интихоб шуд.

3 ноябри соли 2007 дар анҷумани Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" номзад ба ПрезидентӣӮзбекистон пешбарӣ карда шуд (нахустин номзади зан дар таърихи ҷумҳурӣ).

Аз 23 январи соли 2008 то 23 январи соли 2015 Раиси Палатаи Қонунгузори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон.

Соли 2018 директори Маркази илмӣ-амалӣ "Оила" таъин карда шуд[2].

22 декабри соли 2019 дар интихоботи Кенгаши шаҳри Тошканд аз вакилони халқ пирӯз шуд[3].

Муаллифи як қатор корҳои илмӣ дар соҳаи тиб, инчунин мақолаҳо дар бораи татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ-сиесӣ дар кишвар, рушди бисерҳизбӣ ва институтҳои демократӣ, такмили фаъолияти Палатаи Қонунгузори Маҷлиси Олӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаети ҷомеа.

Оиладор. Ҳамсараш Р.Тошмуҳаммедов — роҳбари корхонаи хусусӣ. Модари чор фарзанд.