Дилшод Ҷӯразода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилшод Ҷӯразода
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1987(1987-11-10) (36 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корофарин

Дилшод Ҷӯразода (Ҷӯразода Дилшод Музафар; 10 ноябри 1987, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — соҳибкори тоҷик, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон[1][2], директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»[3][4], муассис ва узви ҳозираи Шӯрои директорони 55 GROUP[5].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилшод Ҷӯразода 10 ноябри соли 1987 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Дар мактабҳои миёнаи № 20-и Душанбе (1993—2003) ва № 42 (2003—2004) таҳсил кардааст. Пас аз хатми мактаб, дар соли 2004, Дилшод ҳамзамон ба ду донишгоҳ, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, факултаи муносибатҳои байналмилалӣ дохил шуд ва дар соли 2009 ҳарду донишгоҳро хатм кард.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2013 то 2015 Ҷӯразода президенти Федератсияи футболи Душанбе буд. Соли 2014 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Аз соли 2015 ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад[6].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Роҳбарон(тоҷ.). Федератсияи футболи Тоҷикистон. 5 май 2021 санҷида шуд.
  2. Day 5(англ.). CENTRAL ASIAN TRADE FORUM (28 October 2020). 7 май 2021 санҷида шуд.
  3. Бизнес инкубатор. bizincubator.tj. 5 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2021.
  4. Дилшод Ҷӯразода: Ин майдони васеъ барои муаррифии соҳибкорон аст. imruz.tj. 5 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2021.
  5. Дилшод Джураев. Биография.
  6. Дилшод Ҷӯраев муовини Рустами Эмомалӣ шуд. www.ozodagon.com. Озодагон (25 августи 2015). 5 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2021.