Дил (маъно)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дил (маъно)(порсӣ: دل ) — узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд.

2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб, нисфи шаб; бевақтии шаб.

3. маҷ. замир; хотир, ботин; барои (баҳри) хушнудии дили. . барои хурсандии хотири…, барои шод кардани табъи…

4. маҷ. майл, хоҳиш ҳавас; азму ирода, ният; дили касеро фаҳмидан майлу хоҳиши касеро донистан; аз нияти касе огоҳ шудан.

5. кит., маҷ. ҷуръат; далерӣ, ҷасорат; дил доштан ҷасорат доштан; дили афгор дили озурда; рӯҳафтодагӣ; дили беғам осудахотир, хотирҷамъ; дили кафтар яке аз навъҳои беҳтарини ангур; дили пурдард дили пурҳасрат, қалби ғамгин; дили сангин дили бераҳму шафқат, дили сахт; сангиндилӣ, бераҳмӣ; дили сиёҳ дили одами бадкор, бадният; дили танг дили бесабру қарор, бетоқатӣ; дили хунин дили ғамгин, қалби пурдарду алам; дили шикаста дили озурда, қалби ранҷида; рози дил сирри ниҳонӣ; таги дил; таги дил // таҳи дил замир, ботин; асли мақсад; дилу бедилон бе шавқу рағбат, бе майлу ҳавас, бо дили нохоҳам: дилу бедилон кореро кардан, дилу бедилон розӣ шудан, дилу бедилон гап задан; дилу гурда далерӣ, ҷасорат, ҷуръат; дилу димоғ ҳавою ҳавас, майлу рағбат, ҳавсала; дилаш қалб ботинаш вайрон, каҷдил; дар (ба) дил дар ботин, хаёлан; даруннокӣ: дар дил гуфтан, дар дил дашном додан, дар дил хандидан, дар дил хурсанд шудан, дар дил хондан; аз дилу ҷон бо камоли майлу рағбат, бо шавқу ҳаваси том; бо тамоми ҳастӣ; аз рӯи сидқу вафо: аз дилу ҷон кӯшидан, аз дилу ҷон табрик кардан, аз дилу ҷон дӯст доштан; аз рӯи дил бесадоқат; бесидқона, мунофиқона; аз таҳи (таҳти) дил самимона, сидқан, аз рӯи сидқ; ба дили наҳор ношто накарда, субҳона нахӯрда; бо дили кашол дил наканда (аз чизе), бо дилкашолӣ; бо дили нохоҳам бе майлу рағбат: бо дили нохоҳам баромада рафт; бо дили пур бо боварии том; дилпурона; бо дили сиёҳ (сип-сиёҳ) ғамгинона, хафа, бо дили пурдарду алам; бо (аз) дили соф софдилона, беғаразона; бо дили хуш хушу хурсандона; дил андохтан пазмон шудан; кас ё чизи дӯстдоштаро ба ёд оварда, ғусса хӯрдан аз набуданаш, интизор ва чашм ба роҳ будан; дил бардоштан (хӯрокеро) майли хӯрдани чизеро доштан, дил хостан; дил бардоштан аз коре тарки коре кардан, даст кашидан аз коре; дили касеро бардоштан а) ба касе тасаллӣ додан, касеро дилдорӣ кардан; б) рӯҳбаланд кардан касеро; ҷуръат бахшидан ба касе; дил бастан а) меҳр бастан ба касе; ишқ мондан ба чизе ё коре; б) хоҳише пайдо карда, розӣ шудан ба коре, майл пайдо кардан ба коре; дил бохтан а) дӯст доштан, ошиқ шудан, дил додан; б) сахт тарсидан, ҳаросидан; дили касеро бурдан дили касеро тасхир кардан, дили касеро рабудан; дил додан меҳр бастан ба касе, касеро дӯст доштан, ошиқ шудан; дил кандан аз касе ё чизе тарк кардан касе ё чизеро, даст кашидан, сарфи назар кардан аз чизе; дил кардан майл кардан, сахт хостан; агар дил кунӣ, олама гул кунӣ (зарб.); дил кашидан а) майл доштан, хостан; б) майли хӯрдан кардан, иштиҳо омадан; в) мувофиқи табъ воқеъ шудани чизе ё касе; дил мондан аз касе ё чизе дилхунук шудан аз касе ё чизе, дилмонда шудан; дил мондан ба касе ё чизе майлу рағбат зоҳир кардан, меҳр бастан ба касе ё чизе; дил рафтан ба чизе майл пайдо кардан, сахт хоҳони чизе шудан; дил сӯхтан ба касе ё чизе тараҳҳум кардан, шафқат кардан ба касе; дил тапидан дар изтироб будан; ҳаросон будан; дил хостан майлу хоҳиш доштан; матлуб будан, хуш омадан; дил беҳузур шудан а) ба ҳолати қай кардан расидан; б) нафрат пайдо шудан ба чизи ногуворе; дил буғз кардан зиқ шудан, малул шудан, дилтанг шудан; дил гувоҳӣ додан ҳис кардан; ҳисси қабл аз вуқӯъ доштан нисбат ба чизе; дил гум задан а) тез-тез ва сахт задани дил, бозӣ кардани дил; б) ниҳоят моил шудан ба чизе, зиёд иштиёқманду хоҳони чизе шудан; дил кашол будан моил будан, майлу ҳавас доштан ба чизе, касе, ҷое; дил нарм шудан а) аз хашм фуромадан; б) бедор шудани ҳисси раҳм дар касе; дил пур шудан ба касе бовар кардан, эътимод пайдо кардан ба касе; дили касе пур шудан аз ниҳояти ғамгинӣ ба дараҷаи гиря расидан; ба риққат омадан аз ҳоли бади худ ё каси дигар; дил танг шудан зиқ шудан, малул гаштан, дилгир шудан; бетоқат шудан; озурда шудан; дил таҳ кашидан ба воҳима афтодан, воҳима зер кардан; сахт тарсидан; дил таҳ кашидан чизеро сахт хостан; дар орзую ҳаваси чизе пазмон шудан; дил торс кафидан беҳад зиқ шудан, сахт озурда шудан, ниҳоят асабонӣ шудан, бисёр ба танг омадан; дил холӣ кардан а) дарду алами худро ба касе гуфтан, ҳасрат кардан; рози дил гуфтан; б) аз ғаму ғусса фориғ шудан, хафагии худро баровардан; дили касе ба чизе ё коре шудан а) розӣ шудан, майлу хоҳиш доштан ба коре, чизе; б) ҳайфи касе наомадан; дили касеро ба даст овардан дили касеро ба даст гирифтан, дили касеро ёфтан, касеро шефтаю мафтуни худ кардан; бо коре касеро ба худ моил кардан (мас., ба воситаи гапи нағз, муомилаи хуб ва ғ.). ; дили касеро гургҳо пора (тала) кардан ба изтироб афтодан, беқарор шудан, хавотир шудан, бетоқат гардидани касе; дили касеро ёфтан мавриди писанди касе шудан, ба касе хуш омадан; мавриди таваҷҷӯҳи касе қарор гирифтан, касеро ба худ моил кардан; дили касеро об (обу адо) кардан азобу азият додан (рӯҳан); ғамгин кардан; касеро сахт мутаассир кардан; дили касеро рабудан, дил аз касе рабудан ниг. дил бурдан; дили касеро харошидан касеро ба ҳаяҷон овардан, мутаассир кардан; бесаранҷом кардан; дили касеро шикастан а) ранҷонидан, озурда кардан касеро; б) маъюсу ноумед кардан, рӯҳафтода кардан касеро; дили худро хӯрдан сахт ғусса хӯрдан, сахт дилтанг шудан; дил ба касе пур будан ба касе боварӣ доштан, аз касе эмин будан; хотирҷамъ будан; дил ба марг ниҳодан ба марг тан додан, ба мурдан розӣ шудан; аз дил баровардан а) аз худ фикр карда баровардан, аз хаёли худ бофта баровардан; б) фаромӯш кунондан, аз хотири касе дур кардани ягон ногуворӣ, шубҳа ва ғ. ; аз дил гузаронидан фикр кардан, хаёл кардан; ба хотир овардан; ба дил гарон гирифтан сахт ранҷидан, ниҳоят хафа шудан; ба дил гирифтан ба чизе аҳамият дода хафа шудан, ранҷидан; мутаассир шудан; ба дил задан безор шудан, дилгир шудан аз чизе; ҳисси нафрат пайдо шудан нисбат ба чизе ё касе; ба дили касе оташ (алав) афтодан бесаранҷом шудан, беқарор гаштан; ошуфта шудан; ба дили сӯхтаи касе намакоб задан ғаму дарди касеро афзун гардондан, азобу машаққати касеро зиёд кардан бо амале; ба дил роҳ додан дар бораи чизе фикр кардан; чизеро аз дил гузарондан (мас., ваҳму ҳарос ё хавфу хатарро ба дил роҳ (на) додан); ба дил сахт расидан сахт ранҷидан, озурда шудан, ба дил гарон гирифтан; ба дили касе рафта… ба хотири касе, барои хушнуд кардани касе; дил – дили Зайнаб (мақ.), муқ. ихтиёр дар дасти бахтёр (зарб.) ҳар кас соҳибихтиёр аст, ихтиёри ҳар кас дар дасти худаш аст; дили мондаю ҷони баромада баробар (зарб.) одам ки аз касе ранҷад ё дилхунук шавад, дубора ӯро хурсанд кардан ё дилгарм намудан ниҳоят кори мушкил аст; дили нохоҳам – узри бисёр (зарб.) агар хоҳиш набошад, баҳона ёфт мешавад[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. дил

Пайвандҳои беруна[вироиш]