Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Динор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сиккаи 10 динораи Эрон (1310).
Динори тилоии халифаи Умавиён Абдулмалик ибни Марвон дар Димишқ, Сурия соли 75 ҳиҷрӣ (= 697/98 милодӣ) сикка зада шуда буд, ки қариб 4,25 грамм вазн дошт.

Динор (лот. denorius – даҳ) — воҳиди пули даҳ кишвари дунё. Бархе «дийнор»-ро муарраби калимаи «ди­нор»-и форсӣ медонанд.

Дар гузашта тангаҳои Руми Қа­димро динор мегуфтанд. Динор аввалин бор соли 268 то милод ба тақлид аз шоҳони ҳахоманишӣ дар Руми Қадим сикка зада шудааст. Динор дар дусад соли аввали мавҷудияти Империяи Рум, дар манотиқи таҳти нуфузи он дар муомала будааст. Аз замони салтанати Ардашери I то Шопури III ин сикка ба вазни аз 7 то 7,4 г (мушобеҳи вазни дирҳами нуқра) зарб мешуд, ки асосан барои хароҷоти таш­ри­фотӣ истифода мегардид. Аз катибаи сезабонаи Шопури I бармеояд, ки румиҳо бар асари шикаст аз императории Эрон, барои ҳифзи ҷони император Филиппи I Араб (ҳукмронӣ 244–249) ва хонаводааш ба пардохти панҷсад ҳазор динори ғаромат маҷбур шудаанд.

То соли 72 ҳиҷрии қамарӣ (692 м.) мусулмонҳо динорро сикка задаанд. Нахустин динори исломӣ баробари динорҳои византиягӣ 4,55 г вазн дошт, ки дар замони салтанати Умавиён дар Димишқ зарб зада мешуд, вазни он то 4,25 г поин омад. Воситаи асосии мубодилот дирҳами нуқра буд. Дар ибтидои асри 9 зарби сиккаи мисии филс, дар аввали асри 11 ва дар замони Салҷуқиён зарби тангаҳои нуқра низ роиҷ буд. Ҳамин тариқ, воҳиди пул дар замони Салҷуқиён динори тило шуд. Аз даврони Чингизхон теъдоди ками сиккаҳои тилоӣ боқӣ мондаанд. Аз асри 13, аз даврони Ғозонхон, элхони муғул ва вазираш Рашидуддин Фазлуллоҳ динор ба унвони воҳиди асосии пулӣ ва муодили 4,30 г ё шаш дирҳами нуқра қарор гирифт. Дар ин давра нахустин бор муодили арзиши як динор ба унвони стандарти пулӣ даромад. Баъд аз давраи Элхониён вазни дирҳам ва арзиши ин воҳид башиддат коҳиш ёфт. Дар давраҳои баъд аз шумориши туман (ки дар забони муғу­лӣ ба маънои даҳ ҳазор аст) барои шумурдан аз динорҳое, ки воҳиди пули кишвар буд, истифода мекарданд. Динор аз замони Ғозонхон то салтанати паҳлавӣ дар Эрон воҳиди пули расмӣ буд. Дар замони салтанати паҳлавӣ динор ба сурати риёл даромад ва воҳиди хурд динор ном гирифт. Дар замони Носируддиншоҳи Қоҷор нахустин бор пули даҳҳазординорӣ мунташир шуд ва барои осонӣ ба рӯи он унвони «туман» гузоштанд, ки дар воқеъ абзори шумориши динор аст ва воҳиди пул дар давраи Қоҷор ҳамон динор буд. Вожаи динор беш аз дусад бор дар «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ истифода шудааст. Ҷамъи ин вожа дар форсӣ динорҳо ва дар арабӣ данонир аст. Динор ҳоло ба таври расмӣ зер­воҳиди пули Эрон аст, яъне ҳар сад динор муодили 1 риёл аст.

Динор ҳоло воҳиди пули расмии 10 кишвари ҷаҳон – Урдун, Алҷазоир, Баҳрайн, Тунис, Судон, Сербия, Ироқ, Кувайт, Либия ва Мақдуния мебошад.

Кишварҳое, ки динорро истифода мебаранд (ё қаблан истифода кардаанд).