Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Динори Босния ва Ҳерсоговина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Динори Босния ва Ҳерсоговина
ISO 4217:
Кишварҳо: Босния ва Ҳерсоговина
Symbol: BAD

Динори Босния ва Ҳерсоговина (англ.  Bosnia and Herzegovina dinar) — воҳиди пули миллии давлати Босния ва Герсоговина, ки баъди ба истиқлол расидан солҳои 1992–98 дар ин кишвар дар муомилот қарор дошт.

Динори Босния ва Ҳерсоговина ба ҷои динори югославӣ, бо арзиши баробар ба он ба муомилот бароварда шуд. Бинобар беқурбшавии пул 15 ноябри 1994 Динори Босния ва Ҳер­соговина бо таносуби 10000 бар як деноминатсия карда шуд. Ба муомилот нашри дуввуми пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100, 500-динорӣ бароварда шуданд. Арзиши Динори Босния ва Ҳерсоговина дар баробари воҳиди пули миллии Олмон – марка 100 бар як муайян карда шуд. Яъне 100 Динори Босния ва Ҳерсоговина ба як маркаи Олмон иваз мешуд. Динори Босния ва Ҳерсоговина, маъмулан, танҳо дар манотиқи мусулмоннишини Босния ва Ҳерсоговина истифода мешуд. Дар дигар минтақаҳои Босния ва Ҳер­соговина кунаи Хорватия, Динори Югославия, Динори Сербия ва маркаи Олмон низ дар муомилот қарор доштанд. Соли 1998 дар Босния ва Ҳерсоговина воҳиди пули нави миллӣ, маркаи бадалшудаи Босния ба муомилот бароварда шуд, ки баробари 100 Динори Босния ва Ҳерсоговина арзиш дошт.