Динори Югославя
| Динори Югославия | |
|---|---|
| ISO 4217: | YUD (–), YUN (890), YUM (891). |
| Кишварҳо: | Шоҳигарии Югославия, Сербия, Хорватия |
| Symbol: | Yugoslavian Dinar |
Динори Югославия (англ. Yugoslavian Dinar) — воҳиди пули расмии се давлати югославӣ: Шоҳигарии Югославия (собиқ шоҳигарии Сербия, Хорватия ва Словения), Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия (ҶСФЮ), Ҷумҳурии Сотсиалистии Югославия (ҶСЮ) аз соли 1929 то 2003. Як Динори Югославия аз 100 пар иборат буд.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]То соли 1929 динор пули миллии Сербия ва Шоҳигарии сербҳову хорватҳо ва словенҳо буд. Аввалин бор динори Сербия дар асноде ёд шудааст, ки марбути замони Стефан Неманич (1165–1228) – асосгузори сулолаи шоҳони неманич мебошад. Баъди ба Югославия тағйири ном кардани шоҳигарӣ (1929) динор ҳам динори Югославия ном гирифт. Пули коғазии 10, 100-динорӣ, соли 1931 1000-динорӣ ва соли 1935 500-динории ба талаботи замон мувофиқ ба нашр расиданд. Соли 1939 пули коғазии 10-динории барориши нав ба муомилот ворид шуд. Соли 1945 баъди аз асорати Олмони нозӣ озод шудани Югославия ин кишвар Югославияи демократӣ-федеративӣ ном гирифт ва пулҳои коғазии 1, 5, 10, 20, 50, 100, 500 ва 1000-динориро ба муомилот баровард. Динори Югославия минбаъд воҳиди пули расмии ҷумҳуриҳои сотсиалистии Сербия, Словения, Босния ва Ҳерсоговина, Хорватия, Македония ва Черногория ба ҳисоб мерафт. Соли 1946 Бонки миллии Ҷумҳурии Федеративии Югославия пулҳои коғазии 50, 100, 500, 1000-динорӣ ва соли 1950 пули 5000-динориро ба муомилот баровард. Соли 1966 пулҳои 5, 10, 50, 100 ва соли 1970 пули коғазии 500-динорӣ ба муомилот бароварда шуданд. Соли 1985 чопи пулҳои коғазии нав шурӯъ шуд. Нахуст пули коғазии 5000-динорӣ бо тасвири Президент Иосиф Броз Тито бароварда шуд. Баробари шиддат гирифтани беқадршавии динор пулҳои коғазии арзишашон баландтар нашр шуданд. Ҳамин тавр, соли 1987 пули коғазии 20000, соли 1988 пули 50000, соли 1989 – 100000, 500000, 1 млн ва 2 млн-динорӣ ба муомилот бароварда шуданд. Аз ибтидои солҳои 1990, ҳангоме ки ҶСФЮ пош хӯрд, арзиши Динор панҷ баробар паст шуд. Солҳои 1991–92 чор ҷумҳурӣ: Словения, Хорватия, Македония, Босния ва Ҳерсоговина аз Югославия ҷудо шуда, истиқлоли худро эълон карданд. Ҳар кадоме аз ин ҷумҳуриҳо пули худро ба муомилот бароварданд, ки Словения онро толар, Хорватия, Македония, Босния ва Ҳерсоговина бо илова кардани исми кишварашон динор номгузорӣ карданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Динор / Б. Шафеъ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
