Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Ҷилди 1. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 200 с.

Мундариҷа[вироиш]

Китоби дуҷилдаи «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» ба 65 - умин солгарди таъсисёбии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҷилди якуми китоб марҳалаҳои муҳимтарини ташаккулёбӣ ва рушди дипломатияи тоҷик дар солҳоимавҷудияти идораи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, бахусус дар давраи истиқлоли давлатӣ, вазъи имрӯзаимуносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ инъикоси худро ёфтаанд. Китоб бо сарсухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Дар китоб мақолаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Истиқлоли давлатӣва рушди дипломатияи тоҷик» ва чунин фаслҳо ҷой дода шудаанд: «Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳоишарик»; «Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ»; «Солномаирӯйдодҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон (1944 - 2009)»; «Боздидҳои ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ (1991 - 2009)»; «Боздидҳои ҳайатҳои хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991- 2009)»; «Раванди музокироти байни тоҷикон». Дар китоб ҳамчунин зиндагиномаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон дар давоми тамоми давраи фаъолияти Вазорат, инчунин мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ овардашудаанд. Китобро мақолаи Д. Назриев «Назаре ба таърих ва анъанаҳои дипломатияи тоҷик» анҷом мебахшад.[1]

Эзоҳ[вироиш]

Пайванди беруна[вироиш]