Дипфейк
Ҷаъли амиқ, дипфейк (англ. deepfake аз deep learning «омӯзиши амиқ[1]» + fake «қалбакӣ, ҷаълӣ»)[2] — усули синтези тасвир ё садо, ки бар пояи ҳуши маснуъӣ асос ёфтааст[3].
Ҷаъли амиқ тасвирҳо ва филмҳои мавҷудро бар рӯи тасвирҳо ё филмҳои манбаъ қарор медиҳад ва аз як фанни ёдгирии мошин ба номи «шабакаҳои зоёи душмангуна» (GAN) истифода мекунад[4]. Видеои ҷаълӣ, таркиби филмҳои мавҷуд ва манбаъ аст, ки фард ё афродеро дар ҳоли анҷоми як кор дар мавқеияте нишон медиҳад, ки ҳаргиз дар воқеият иттифоқ науфтодааст. Барои мисол чунин филмҳои тақаллубие метавонад фардро дар ҳоли анҷоми иқдомоти ҷинсӣ нишон диҳад, ки ҳаргиз дар он ширкат накардааст ё метавонад барои тағйири калимот ё ҳаракоти як сиёсатмадор мавриди истифода қарор гирад, то ба назар бирасад он фард чизеро гуфта, ки ҳаргиз ба забон наёвардааст[5]. Ба далели ин қобилиятҳо, ҷаъли амиқ метавонад барои эҷоди филмҳои порни афроди машҳур, порни интиқомӣ, ахбори ҷаълӣ ва кулоҳбардориҳои мухриб истифода шавад[6][7].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дасткории акс дар қарни нуздаҳум тавсеа ёфт ва ба зудӣ дар тасвирҳои мутаҳаррик аъмол шуд. Фанноварӣ ба таври пайваста дар тӯли қарни бистум беҳбуд ёфт ва бо зуҳури видеоҳои диҷитол сареътар шуд. Фанноварии дипфейк тавассути муҳаққиқон дар муассисоти донишгоҳӣ аз даҳаи 1990 ва баъдан тавассути ҳаваскорон дар ҷавомеи онлайн тавсеа ёфтааст[8][9]. Ахиран ин равишҳо тавассути санъат пазируфта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ "Дипфейк" чист ва чаро аз он истифода менамоянд.(рус.). mediasavod.tj. 16 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Brandon, John. Terrifying high-tech porn: Creepy 'deepfake' videos are on the rise(англ.), Fox News (16 February 2018).
- ↑ Prepare, Don't Panic: Synthetic Media and Deepfakes. witness.org.
- ↑ Schwartz, Oscar. You thought fake news was bad? Deep fakes are where truth goes to die(англ.), The Guardian (12 November 2018). Проверено 14 ноябри 2018.
- ↑ Prepare, Don't Panic: Synthetic Media and Deepfakes. witness.org.
- ↑ Sanchez, Julian Thanks to AI, the future of 'fake news' is being pioneered in homemade porn(англ.). NBC News (8 February 2018). 17 Январ 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 ноябри 2019.
- ↑ Roose, Kevin. Here Come the Fake Videos, Too(англ.), The New York Times (4 March 2018). Проверено 17 Январ 2025.
- ↑ Harwell, Drew. Top AI researchers race to detect 'deepfake' videos: 'We are outgunned'(англ.), The Washington Post (12 June 2019). Бойгонӣ шудааст 31 октябри 2019 сол. Проверено 8 ноябри 2019.
- ↑ Sanchez, Julian Thanks to AI, the future of 'fake news' is being pioneered in homemade porn(англ.). NBC News (8 February 2018). 8 ноябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 ноябри 2019.