Доира

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Доирадаст, миниётури Исфаҳон, Эрон
Доирадастони ансамбли "Навруз"-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 70-ӯм
Доирадастон бо ҳамовозии карнаю сурнай, Ҳисор, соли 2015
Доирадастон,Хуҷанд

Доира ё Дойра ё Даф — (номгузориҳои дигар: dāira, daire, dāireh, dairea, dārīa, dahira, dāyere, dayre, dajre, dara, doira, doyra), асбоби мусиқии доирашакл буда ҳалқаҷаҳо дорад, ки барои навохтани мусиқии классикӣ ва муосир дар Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна истифода бурда мешавад.

Шиносоӣ[вироиш]

Доира дорои сохтори оддӣ ва таъсири маънавӣ ва фароғатӣ дорад. Андозаи чаҳорчӯбаи доира одатан даврашакл, аз чӯб, бо пӯсти чорво ва гирдогирд бо ҳалқаҷаҳои филизӣ сохта мешаванд . Доираҳо андозаҳои гуногун доранд; Дар доираҳое андозааш калонтар аст, асосан аз ҷониби мардон дар расму ойин ва базм навохта ва доираҳои андозааш миёна асосан аз тарафи занон навохта мешаванд. Номгузории доира ва ба ҳамин монанд созҳои зарбӣ дар кишварҳои қадиму асримиёнагии Осиёи Марказӣ ва Форс аз он шабоҳат медиҳад, ки чунин созҳои мусиқии зарбӣ аз қадим байни халқҳои минтақаи Ховари Миёна маъмул будаанд. Минбаъд, сози мусикӣ дар натиҷаи ҳамгироии фарҳанги исломӣ бо давлати Рум ба Аврупо маълум гардидааст. Ба забони Паҳлавӣ (форсӣ забони қадима номи доира дареҳ аст. Доира дар Озарбойҷон, ҳамчун ғавал ва баъзан даф номида мешавад дар рӯзҳои ид навохта мешавад.

Вақте ки доира менавозанд, доирадаст доираро бо дасти чапаш нигоҳ дошта бо дасту ангуштҳои росташ мезанад. Доира дар базму чашнҳои хонаводагӣ, махаллӣ, идҳои миллӣ ва давлатӣ доимо истифода бурда мешавад. Доиранавозиро хурду калон ва зану мардҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Озарбойҷон тез ёд гирифта менвозанд.

Сохти доира[вироиш]

Доира чаҳор қисм дорад: 1.Чаҳорчӯба (рамка) 2.пӯст 3. ангуштовезанда 4. ҳалқаҳо

  1. Чаҳорчӯба(аз чӯб). Даиметри чаҳорчӯба(рамкаи) доирашакл қариб 30 сантиметр. Ғафсиаш 3-5 сантиметр аст.
  2. Пӯст ба чаҳорчӯба часпонида шудааст. Бештар пӯсти буз истифода бурда мешавад.
  3. Ангуштовезанда(чангакҳо}барои бо ангушт доштани доира аст.
  4. Ҳалқаҳои доира дар гирдогирди чаҳорчӯба(рамкаи) доира часпонида шудаанд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]