Jump to content

Долорес Ибаррури Гомес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Долорес Ибаррури Гомес
исп. Dolores Ibárruri Gómez
Таърихи таваллуд: 9 декабр 1895(1895-12-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 ноябр 1989(1989-11-12)[1][4][2][…] (93 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Таҳсилот:
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Ҳизб:
Навъи фаъолият: сиёсатмадор, рӯзноманигор, фаъол
Фарзандон: Rubén Ruiz Ibárruri[d][7]
Мукофотҳо:
Соядаст соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Долорес Ибаррури Гомес (исп. Dolores Ibárruri Gómez; 9 декабр 1895[1][2][3][…], Gallarta[d][5]12 ноябр 1989[1][4][2][…], Мадрид[6]) — яке аз фаъолони ҳаракати коргарӣ-коммунистӣ дар Испониё ва ҷаҳон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1917 ба ташкилоти сотсиалистии ш. Соморростро ворид шуда, навиштаҳояш дар матбуоти коргарӣ бо номи мустаори «Пассионария» (Pasionaria — Шуълавар) ба табъ мерасид. Пас аз ташкил шудани Ҳизби коммунистии Испания (ҲКИ) узви Кумитаи ҳизбии вил. Бискай (1920) ва муҳаррири чандин рӯзномаи коммунистӣ таъйин шуд. Аз соли 1930 узви КМ ҲКИ, аз марти 1932 узви Бюрои сиёсӣ (аз 1960 Кумитаи иҷроия), солҳои 1931-33 муҳаррири ниҳоди табъу нашри ҳизбӣ — рӯзномаи «Мундо обреро» («Mundo Obrero»), котиби КМ ҲКИ (1932-42), дар давраи Инқилоби Испания (1931-39) пешвои ҷумҳурихоҳон буд. Дар тӯли ҳукумати «қувваҳои ростгаро» (ба истилоҳ дусолаи сиёҳ, ноябри 1933 — феврали 1936) Ибаррури дар шӯриши мусаллаҳонаи зиддифашистӣ дар Астурия (октябри 1934) ширкат карда, баъди гирифтани 15 соли ҳукми зиндон, фирор кард. Сипас чанд бори дигар дастгир шуд. Аз соли 1935 номзад ба узвияти КМ Интернатсионали коммунистӣ, вакили Астурия дар кортесҳо (аз 1936) ва ноиби раиси кортесҳо (1937 −39). Соли 1939 муҳоҷират карда, дар ИҶШС зиндагӣ дошт. Котиби генералӣ (1942-60) ва роҳбари президиуми ҲКИ (аз 1960). Яке аз асосгузорони Федератсияи байналхалқии демократии занон (1945). Соли 1977 ба Испания баргашта, вакили кортесҳо (парламент) интихоб шуд. Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Маскав (1961), дорандаи Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои таҳкими дӯстии халқҳо» (1964). Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳои ИҶШС сарфароз гардидааст. Ибаррури дар 94-солагиаш бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтид.

Писари Ибаррури — Рубен Руи (1920-42) ҳангоми хидмат дар Артиши Сурх, дар набарди Сталинград ҳалок ва пас аз марг бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид (1956). Ибаррури дар ашъори адибони тоҷик М. Турсунзода («Ба духтари Астурия») ва Мӯъмин Қаноат («Сурӯши Сталинград») васф шудааст.