Дона Баҳромов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дона Баҳромов
Дона Баҳромов
Таърихи таваллуд = 4.3.1949
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз
Пеша(ҳо) сарояндаи тоҷик

Дона Баҳромов (с. тав. 1949, деҳаи Чухкаки Дарвоз ВАБК), сарояндаи тоҷик, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991).

Дона Баҳромов аз овони ҷавонӣ ба мусиқӣ, шеър дилбохтагии зиёд дошта, сабки овозхонии Шариф Ҷӯраро (Ҷӯраев) писандида ва дар пайравии он овозхонӣ кардааст. Фаъолияти касбии иҷроии Дона Баҳромов дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ сурат гирифта ва дар ин даста солҳои 1989-1999 овозхонӣ карда, ба олами сарояндагии асили тоҷикӣ ворид мешавад. Дона Баҳромов зиёда аз 100-сурудҳои гуногунмавзӯъ иҷро намуда, дар заминаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҷмӯи овозие ҳам сохта ва сабт намудааст. Ӯ иштирокдори чандин ҷашнвораю озмунҳои мусиқӣ (ҷумҳуриявӣ, бурунмарзӣ) буда, соли 2001 дар ҷашнвораи мусиқӣ (Эрон, ш. Теҳрон) ба дарёфти ҷоизаи «Чанги заррин» комёб шудааст. Дар рӯзноманигорӣ ҳам даст дошта, муаллифи очер-ку мақолоти хонданист («То ба Юнон бурданд хокистари Дарвозро» – Душ., 2000).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таджикская музыка. - Душанбе, 2003;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3- Душанбе, 2004.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Шашмақом

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 40ISBN 978-99947-49-13-3