Донишгоҳи Бонн
Донишгоҳи Бонн | |
|---|---|
| | |
| | |
| Номи аслӣ | Rheinische Friedrich-Wilhelms-Universität Bonn |
| Соли таъсисёбӣ |
1786 (дарёфти мақоми донишгоҳ) 18.10.1818 |
| Навъ | Донишгоҳи тадқиқотӣ-давлатӣ |
| Сармояи бомақсад | 214,67 млн евро |
| Ректор | Михаел Ҳох[1] |
| Донишҷӯён | 31 318 |
| Донишҷӯёни хориҷӣ | 5285 |
| Мутахассис | 1988 кормандон дар бахшҳои фаннӣ ва идорӣ |
| Докторантура | 6769 (аз он 1877 докторантҳои хориҷӣ) |
| Профессорон | 707 |
| Омӯзгорон | 5536 |
| Макон |
|
| Нишонии ҳуқуқӣ | Regina-Pacis-Weg 3, 53113 Bonn |
| Сайт | uni-bonn.de |
Донишгоҳи Бонн (Донишгоҳи райнии Фридрих Вилҳелми Бонн; олмонӣ: Rheinische Friedrich-Wilhelms-Universität Bonn, инчунин Rheinische Friedrich-Wilhelms-Universität zu Bonn) — яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Олмон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1777 дар Бонн Kurkölnische Akademie Bonn таъсис ёфт, ки соли 1784 ба он ҳуқуқҳои донишгоҳӣ дода шуд.

Соли 1798 академия аз ҷониби Фаронса, ки ҳокимияти заминҳои Райнро дошт, баста шуд.
Рӯзи 18 октябри 1818 шоҳи Пруссия Фридрих Вилҳелм III дар Бонн, ки пас аз натиҷаҳои Конгресси Венна ба Пруссия ҳамроҳ шуда буд, Донишгоҳи Райнро таъсис дод, ки шашумин донишгоҳ дар Пруссия шуд. Дар шаклгирии донишгоҳ, вазири онвақтаи маорифи Олмон Карл Алтенштайн нақши муҳим бозид.
Дар донишгоҳ католикҳо ва протестантҳо ба таври баробар намояндагӣ мешуданд, ки ин пеш аз ҳама дар вуҷуд доштани ду факултети илоҳиёт таҷассум меёфт. Ҳамчунин дар донишгоҳ факултетҳои тибб, ҳуқуқ ва фалсафа таъсис дода шуданд.
Соли 1827 асосномаи донишгоҳ тасвиб шуд. Баъдҳо донишгоҳ ба таври ғайрирасмӣ бо номи «Донишгоҳи шоҳзодагон» шинохта шуд, зеро бисёре аз фарзандони хонадони Ҳоентсоллернҳо дар ҳамин донишгоҳ таҳсил мекарданд.
Пас аз Ҷанги ҷаҳонии якум маблағгузории давлатӣ ба донишгоҳ коҳиш ёфт ва донишгоҳ маҷбур шуд, ки манбаъҳои дигари маблағгузориро пайдо кунад.

Соли 1930 асосномаи нави донишгоҳ тасдиқ шуд, ки дар он бандҳое дар бораи худидоракунии донишҷӯён дохил карда шуда буданд.
Пас аз соли 1933 худмухтории донишгоҳ бекор шуд ва донишгоҳ ба вазорати маориф тобеъ гардид. Донишгоҳро мухолифони нозиҳо ва яҳудиён тарк карданд.
Соли 1937 Томас Манн аз унвони доктори фахрии донишгоҳ маҳрум шуд. Биноҳои донишгоҳ дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии дувум осеби ҷиддӣ диданд, аммо донишгоҳ тавонист аз соли 1945 ба фаъолияти худ идома диҳад.
Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ донишгоҳ фаъолона рушд кард ва ҷойгоҳи худро ба унвони яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Олмон нигоҳ дошт.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳоли ҳозир, факултетҳои зер дар сохтори донишгоҳ қарор доранд:
- Факултети тибб;
- Факултети дорусозӣ;
- Факултети зироат;
- Факултети риёзиёт ва улуми табиӣ;
- Факултети ҳуқуқ ва иқтисод;
- Факултети илоҳиёти католикӣ;
- Факултети илоҳиёти протестантӣ;
- Факултети фалсафа.
Илова бар ин, чандин муассисаи пажӯҳишӣ низ дар шумори воҳидҳои ин донишгоҳ дохил мешаванд.
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Rektor Michael Hoch. In: Universität › Organisation und Einrichtungen › Rektorat. Rheinische Friedrich-Wilhelms-Universität Bonn, September 2022. Auf Uni-Bonn.de, abgerufen am 16. Dezember 2022.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]| Донишгоҳи Бонн дар Викианбор |