Донишгоҳи Истанбул
| |
Соли таъсисёбӣ | 1933 |
Ректор | Махмут Ак |
Донишҷӯён | 35 190[1] |
Аспирантура | 17 905 |
Рангҳо | |
Сайт | istanbul.edu.tr |
![]() |

Донишгоҳи Истанбул (тур. İstanbul Üniversitesi, англ. Istanbul University) — муассисаи олии таълимӣ дар Истанбул ва Туркия, инчунин қадимтарин донишгоҳи кишвар ба ҳисоб меравад.
Минтақаи асосии донишгоҳ дар қисми қадимии шаҳр, дар байни масҷиди Баёзит ва масҷиди Сулаймония ҷойгир аст. Ҳоло дар донишгоҳ ва филиалҳои он зиёда аз 60 ҳазор нафар донишҷӯён ва қариб 18 ҳазор нафар аспирантҳо таҳсил мекунанд ва ҳайати профессорону муаллимон зиёда аз 3,5 ҳазор нафар профессоронро ташкил медиҳад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Он соли 1846 дар заминаи мадрасе, ки бо фармони Султон Маҳмади Фотеҳ пас аз забт шудани Константинопол соли 1453 таъсис ёфтааст. То асри XX пас аз эълон шудани Ҷумҳурии Туркия (1923) мактаби олии мусулмонӣ буд, солҳои 1927 ва 1933[2] аз нав ташкил карда, ба муассисаи таълимии дунявӣ табдил ёфт.
Ягона донишгоҳи Туркия, ки соли 2011 ба феҳристи 500 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон шомил шуд, Донишгоҳи Истанбул буд.[3] Аз соли 2006 Донишгоҳи Истанбул ба рӯйхати 500 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон шомил шудааст.[4] Донишгоҳ дар қатори 100 донишгоҳҳои беҳтарини минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷой гирифтааст.[5]
Ин донишгоҳ узви Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Аврупо (EUA) ва Coimbra Group мебошад. Мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон тавассути барномаҳои монанди Farabi, Erasmus, Мавлоно сурат мегирад. Раванди таълим мувофиқи системаи Болония сурат мегирад.[6]
Ба хатмкунандагони Донишгоҳи Истанбул замимаи махсуси диплом (DS) дода мешавад.[6]
Китобхонаи Донишгоҳи Истанбул
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаи Донишгоҳи Истанбул соли 1925 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин китобхонаҳои Туркия ба шумор меравад. Дар фонди он зиёда аз 250 ҳазор ҷилд китоб ва зиёда аз 18 ҳазор дастхат мавҷуд аст.
Факултаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Факултаи Тиббии Истанбул
- Факултаи Ҳуқуқшиносӣ
- Факултаи Филология
- Факултаи Табиатшиносӣ
- Факултаи Иқтисод
- Факултаи Хочагии Ҷангал
- Факултаи Фармасевтика
- Факултаи Стоматология
- Факултаи Тиббии Ҷарроҳпошо
- Факултаи Менеҷмент
- Факултаи Сиёсатшиносӣ
- Факултаи Тибби Бойторӣ
- Факултаи Муҳандисӣ
- Факултаи Хочагии Об
- Факултаи Алоқа
- Факултаи Теология
- Факултаи Маорифи ба номи Ҳасан Алӣ Юҷел
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://istatistik.yok.gov.tr/
- ↑ higheredu-sci.beun.edu.tr(пайванди дастнорас — таърих). 16 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2016.
- ↑ Scimetrica, www.scimetrica.com - © 2018. Shanghai Ranking 2011 - Results | Universityrankings.ch(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). www.universityrankings.ch. 16 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2018.
- ↑ İstanbul Üniversitesi. İstanbul Üniversitesi | Tarihten Geleceğe Bilim Köprüsü - 145(тур.)(пайванди дастнорас — таърих). www.istanbul.edu.tr. 16 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2018.
- ↑ Fakülte Tarihçesi | İ.Ü İşletme Fakültesi | İşletme Kulübü(тур.), İ.Ü İşletme Fakültesi | İşletme Kulübü (16 феврали 2017). Бойгонӣ шудааст 16 Январ 2018 сол. Проверено 16 Январ 2018.
- ↑ 6.0 6.1 Стамбульский университет(Istanbul University) ᐈ Факультеты, Поступление и стоимость обучения ᐈ World Study(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). World study. 8 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 сентябри 2020.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вебсайти расмии донишгоҳ(англ.)(тур.)
- Донишгоҳ дар WikiMAPIA