Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишгоҳ соли 1978 дар ш. Бохтар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ номгузориаш Донишкадаи давлатии педагогии Қӯрғонтеппа буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтепагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис гардида, соли 1991 тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1991 ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1991 шӯъба (филиал) ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт.

Соли 1992 донишкада ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа мубаддал гардида, ба номи олим ва файласуф, фарзанди Хатлонзамин Носири Хусрави Қубодиёнӣ гузошта шуд.

Дар 9 бинои таълимии донишгоҳ 7 факулта, 24 кафедра, 144 синфхона, 19 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, гимназия ҷойгир шудаанд. Масоҳати таълимии донишгоҳ 68579 м2 ташкил дода, барои таҳсили 3150 донишҷӯ дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ дар масоҳати 7 га замин гузаронида мешаванд. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аъзои шабакаи Донишгоҳҳои Евроосиё мебошад.

Факултетҳо[вироиш]

  1. Иқтисодӣ
  2. Информатика
  3. Математика
  4. Менеҷмент
  5. Таърих ва ҳуқуқ
  6. Сиёсат ва идораи давлат
  7. Таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш
  8. Техника ва технология
  1. Физика
  2. Филология
  3. Химия ва биология
  4. факултети забонҳо

Маъмурият[вироиш]

  1. Ректор: номзади илмҳои физика ва математика, досент Маҳмад Султон Шодиён.
  2. Ноиби ректор оид ба таълим: Абдураҳимов Қудратулло Саидович, профессор, доктори илмҳои педагогӣ.
  3. Ноиби ректор оид ба илм: Алимурод Одинаевич Абдураҳимов, номзади илмҳои физика ва математика
  4. Ноиби ректор оид ба тарбия: Давлат Раҷабов, номзади илми педагогика, дотсент.
  5. Ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ: Абдулҳай Комилӣ, номзади илмҳои таърих.
  6. Ноиби ректор оид ба иқтисод: Исломиддин Қараев, номзади илмҳои педагогика.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сомонаи расмӣ