Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
(ДДК)
Номҳои қаблӣ

Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (1945-1953), Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1953-1992)

Бозтаъсис

ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Соли бозтаъсис

1992

Навъ

Давлатӣ

Ректор

Абдулло Ҳабибулло

Докторон

11

Профессорон

11

Омӯзгорон

358

Мавқеъ

шаҳри Кӯлоб

Кампус

735360 ш. Кулоб, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷикистон кӯчаи С.Сафаров ,16

Сайт

http://www.kgu.tj/

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зодаи даврони Шӯравӣ мебошад. Ҳанӯз, 2 июни соли 1940 бо Қарори Шӯрои Комисарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон зери рақами 124 «Дар бораи дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгшоҳи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб» ба табъ расида буд. Вале бо сабабҳои маълуми давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ин қарор иҷро нагардид. Бори дигар қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 августи соли 1945 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» ба табъ расид, ки ба бунёди донишкада асос гузошт.

Аз соли 1945 Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ба қабули донишҷӯён оғоз намуд. Донишкада соли таҳсили соли 1945-1946 дар ҳайати 3 факултет ва шӯъбаҳо: таърих ва филология, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия, физика ва математика ба кор шӯруъ намуд. Директории аввалини донишкада Раҳмон Каримов ва аз ҷумлаи нахустин омӯзгорони он Ашраф Сидиқов, Б.Ҳ.Боҳиров, Аъзам Акбаров, Г.С.Михайличенко, Нуриддин Сафаров, Ҳ.Ғафуров, Бозор Шарифзода, Шаҳидӣ Каримов, М.Ризоев, Ориф Муъминов буданд.

7 августи соли 1953 Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор «Дар бораи барҳам додани Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ дар соли хониши 1953-1954» қарор қабул намуд. Ҳамин тариқ аз соли 1953 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб номи Донишкадаи давлатии омӯзгориро гирифт.

Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз 24 июли соли 1992 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст.

Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаҳои маориф ва хоҷагии халқ барои ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Дар зарфи 70 соли фаъолияти худ бештар аз 26 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр намудааст.

Таълим[вироиш]

Дар 9 факултети донишгоҳ донишҷӯён таълим гирифта истодаанд. 34 кафедраҳои донишгоҳ аз рӯи 42 тахассус мутахассисон тайёр карда мешаванд. Ҳайати омӯзгорон 358 нафар, аз ҷумла - 11 нафар докторони илм, профессорон ва 87 нафар номзадҳои илм, ташкил медиҳад.

Ректор[вироиш]

Факултетҳо[вироиш]

  1. Факултети физика, математика ва информатика;
  2. Факултети химия, биология ва география;
  3. Факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;
  4. Факултети таърих ва ҳуқуқ;
  5. Факултети филология ва журналистика;
  6. Факултети филологияи хориҷӣ;
  7. Факултети филологияи рус;
  8. Факултети иқтисод ва идора;
  9. Факултети молиявию иқтисодӣ;
  10. Факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ.

Хатмкардагон ва устодони донишгоҳ[вироиш]

  • Абдулло Раҳимов
  • Манижа Давлатова
  • Муҳаммад Ғоиб
  • Соат Чалишев
  • Маҳмуд Маликов
  • Маъруф Раҷабов ‎
  • Рустам Салимов ‎
  • Нуралӣ Cолеҳов
  • Тағойбобо Абдуалими Шукурзод ‎
  • Тағойназари Бақо ‎
  • Абдулҳайи Қаландар ‎
  • Ҳақназар Ғоиб ‎
  • Маҳмуд Абдуллоев ‎
  • Абдураҳмон Азимов
  • Ҳамрохон Зарифӣ
  • Қурбон Расулов
  • Саймумин Ятимов
  • Саидқул Сабзаев ‎
  • Самариддин Каримов
  • Афзалов Хайрулло
  • Нуралӣ Cолеҳов
  • Хайёл Бобоев
  • Абдукарим Ҳалимов ‎
  • Гулчеҳра Ҳоҷиматова
  • Сайхӯҷа Азизов ‎
  • Шарифов Зариф
  • Нусратулло Абдулҳақов
  • Раҳмат Акбаров
  • Абдураҳмон Маҳмадов ‎
  • Абдусаттор Мирзоев
  • Салим Мирзоев
  • Караматулло Қаландаров
  • Нозимов Абдулҳамид

Манбаъ[вироиш]