Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДМТ
Логотипи нави ДМТ.jpg
Ташкил шудааст: 1948
Намуд: давлатӣ
Шаҳр: Душанбе
Кишвар: Тоҷикистон
Шумораи донишҷуён: 18000

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишгоҳ соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Таърих[вироиш]

  • 21 марти соли 1947 бо қарори Совети Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таъсис ёфтааст.
  • Аз 1 сентябри соли 1948 ба фаъолият сар кардааст.

Соли нахустини таълим дар Университет дар бинои таълимии Институти омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз гашт. Баъд аз як сол – 1949 бинои собиќ Кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр ба ихтиёри Донишгоҳ дода шуд, ки он ҳоло чун бинои асосӣ маъруф аст. Аз 1 августи соли 1948 дар Донишгоҳ 13 кафедра : кафедраи марксизм-ленинизм, кафедраи таърих, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи геологияи умумӣ, кафедраи математикаи умумӣ, кафедраи химияи умумӣ, кафедраи зоологияи умумӣ, кафедраи ботаникаи умумӣ, кафедраи физикаи умумӣ, кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи тайёрии ҳарбӣ ва инчунин кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба фаъолият сар карданд.

Соли 1948 дар ҳайати университет се факултет: геологӣ-хокшиносӣ (декан профессор А.С.Раевский), биология (декан профессор В.А.Ратсиборский) ва таъриху филология (декан- Т.П. Маниулова) ташкил ёфтанд. Дар байни 200 нафар шогирдони ба курси авввал дохилшуда, 110 нафарро ҷавонони тоҷик ташкил медоданд. Дар курси дуюми шўъбаи биология 50 нафар таълим мегирифтанд.Теъдоди устодон бошад, аз 17 кормандони доимӣ ва 19-нафар соатбаъйҳо иборат буд. Таърихи Донишгоҳи давлатии Тољикистонро бе номи ректорони он,аз ҷумла аввалин ректори он Зариф Шарифович Раҷабов (1906-1991) наметавон тасаввур кард. Зариф Раҷабов дар вазифаи ректор (аз 27 феврали соли 1948 то 20 январи соли 1954) корщои зиёд ба анҷом расонида, тащкурсии боэътьимоди Донишгоҳро барои солҳои минбаъда гузошт.

Нахустин хатмкунандагони аълохони шўъбаи таърих – Рауф Дадабоев, Ҳомидҷон Аҳмадов, Элмурод Саидов, аз шўъбаи филологияи тоҷик – Кимиё Шукурова, Хуршеда Отахонова, Муҳаммадвафо Бақоев, Исмоил Саидов; аз шўъбаи геология – Наримон Мадалиев, Эркин Тоҳиров ва бисёр дигарон барои кор дар Донишгоҳ пазируфта шуданд, Гурўҳи дигари хатмкунандагони аълохон барои кор ба дигар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.

Талаботи рўзафзуни хоҷагии халқи мамлакатро ба инобат гирифта, соли 1956 дар заминаи факултети табиатшиносӣ факултетҳои геология, биология, соли 1959 химия, соли 1965 факултети физика, механикаву математика ташкил шуданд. Мувофиќи талаботи замон соли 1963 факултети забон ва адабиёти рус, соли 1966 дар заминаи факултети таъриху филология факултети таърих (декан М.Б.Бобохонов), филогогияи тоҷик (декан М.Н.Қосимова) ва соли 1970 факултети филологияи Шарқ (декан ҳ.К.Каримов) факултети иrтисодӣ (1976, декан Т.Н.Назаров), факултети баплангирии иrтисодӣ (1980, декан Г.Б.Бобосодиrова) ва факултети базисобгирии молиявӣ (1980, декан [Қ.Қурбонов) таъсис ёфтанд. Дар ин муддат теъдоди муаллимони унвондор афзуд. Аз соли 1951 то соли 1997 дар нўҳ шўроҳои дифои рисолаҳои диссертатсионии Донишгоҳ 1019 нафар рисолаҳои илмии худро барои дарёфти унвонҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд.

  • Соли 1997 - Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) номгузорӣ шудааст.

ДМТ аз ибтидои фаъолияташ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Биноҳои таълимии донишгоҳ, аввал дар маркази Душанбе, дар якчанд биноҳои алоҳида ҷойгир буданд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум шаҳраки донишгоҳ дар мавзеи Бунни Ҳисорак қомат рост кард. Ҳоло аксарияти факултаҳо ва лабораторияҳои донишгоҳ дар ин мавзеъ фаъолият мебаранд. Ба сохтори донишгоҳ - 17 факултет, нашриёт, китобхонаи илмӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, боғи ботаникӣ дохил мешаванд (соли 2008). Шумораи донишҷӯён 18200 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ тахминан 1200 наф. аст. Аз соли 2012 ректори донишгоҳ доктори илми филологӣ, профессор Муҳаммадюсуф Имомов мебошад.[1]

Профессорону омӯзгорон[вироиш]

Дастпарварон ва профессорону омӯзгорони (тахминан 1200 наф.) варзидаи донишгоҳ дар комёбиҳои илму маорифи Тоҷикистон саҳми хешро гузоштаанд.

Муфассал нигаред:

Факултетҳо[вироиш]

  1. Факултети механикаю математика
  2. Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  3. Факултети химия
  4. Факултети геология
  5. Факултети биология
  6. Факултети тиббӣ-фарматсевтӣ
  7. Факултети таърих
  8. Факултети муносибатҳои байналхалқӣ
  9. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  10. Факултети баҳисобгирию иқтисодӣ
  11. Факултети молиявию иқтисодӣ
  12. Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  13. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
  14. Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  15. Факултети забон ва адабиёти рус
  16. Факултети журналистика
  17. Факултети фалсафа

Маркази биотехнологии ДМТ[вироиш]

Маркази биотехнологии ДМТ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009 № 667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707» («Таъсиси маркази биотехнологӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон») бо фармони ректори ДМТ аз 29.12.2009, дар назди Институти (Пажӯҳишгоҳи) илмию-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сардори Маркази биотехнологии ДМТ - Хуршеда Иномовна Бобоҷонова н.и.б, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. 9 декабри соли 2011 озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологии ДМТ ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Маќсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иќтисодии он мебошад. Мавзўи илмии Маркази биотехнологии ДМТ «Коркарди тарзи тайёр намудан ва афзун гардондани маводи кӯчатии солимгардонидашудаи навъҳои маҳаллии ангур дар шароити «in vitro» аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 тасдиқ гардид. Коллексияи Маркази биотехнологӣ 70 навъи ангурро ташкил медиҳад.

Аксҳои Маркази биотехнологии ДМТ[вироиш]

Маъмурият[вироиш]

Аз 27 августи cоли 2012, Муҳаммадюсуф Имомов доктори илмҳои филологӣ, профессор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ректорони собиқи ДМТ:

  1. З.Ш. Раҷабов 1948 – 1954
  2. И.К Нарзиқулов 1954 – 1956
  3. С.А. Раҷабов 1956 – 1971
  4. П.Б. Бобоҷонов 1971 – 1982
  5. Т.Н. Назаров 1982 – 1988
  6. И.Д. Давлатов 1988 – 1990
  7. Ф.Т. Тоҳиров 1990 – 1995
  8. Х.М. Сафаров 1995 – 2001
  9. Ҳ.С. Сафиев 2001 – 2005
  10. С.Одинаев - 2005 – 2008
  11. Н.С. Саидов - 2008 – 2012
  12. Ҳ.А. Одинаев - 10.01.2012-28.08.2012
  13. М.С. Имомов - аз 27 августи cоли 2012

Ансамбли «Наврӯз»[вироиш]

Ансамбли «Наврӯз» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1965) бо ташаббуси Амонқул Холиқназаров таъсис ёфтааст. Cоли 1966 аввалин бор иди Наврӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси ансамбли «Наврӯз» чун иди миллӣ ҷашн гирифта шуда то имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Барномаҳои консертии ансамбли «Наврӯз»бо дар бисёр чорабиниҳо ва фестивалҳои дохили кишвар ва берун аз он, ба монанди: Германия, Полша,Туркия, Юнон, Малта, Австрия, Руминия, Италия, Испания, Гана, Того, Бенин, Нигерия, Ливия ва ИҶШС сазовори баҳои баланд гаштааст.

Нашрияҳои донишгоҳ[вироиш]

«Ба қуллаҳои дониш», нашрияи УДТ ба номи В.И. Ленин, сипас ДДМТ ва ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки 7 октябри соли 1956 бо ибтикори номзади илмҳои филология Абдулатиф Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯра­вӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз соли 2009 бо ибтикори Донишгоҳ дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз соли 2010 ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад.[2]

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳ» — маҷаллаи илмиву оммавӣ ва нашрияи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

  • Ношир - редаксияи маҷаллаи «Паёми донишгоҳ»
  • муассис - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Сармуҳаррир -
  • Мавзӯъҳои маҷалла – нашри мақолаҳои илмӣ ва методӣ доир ба тадқиқотҳои илмии олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
  • Маҷалла ба андозаи А - 4, 80 -100 саҳ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ нашр мешавад.
  • Даврият - 4 шумора дар як сол.

Аксҳои донишгоҳ[вироиш]

Боз нигаред[вироиш]

Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Донишгоҳи давлатии миллии Тољикистон.- Душанбе, 2008
  2. Сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон