Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Соли таъсисёбӣ

2018

Навъ

Давлатӣ

Ректор

Шукрулло Хайрзода Қурбоналӣ

Мавқеъ

кӯчаи Нахимов 64/14, 734067 Душанбе

Сайт

www.feit.tj

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касби Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ дар заминаи ҳамроҳнамоии ду муассисаи пешқадами таҳсилоти олии кишвар — Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 тахти №169 дар бораи табдил додани Донишкадаи Молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Таърих[вироиш]

Аввалин муассисаи таълимии молиявӣ — техникуми молиявию қарзӣ дар соли 1942 дар назди Вазорати молияи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфта, то соли 1956-ум фаъолият намудааст. Ин техникум то солҳои ҶБВ дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) амал карда, ҳарсол дар он 200 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Дар давраи ҷанг фаъолияти техникум қатъ шуда, танҳо охири соли 1944 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) аз нав ба кор оғоз кард. Соли 1948 техникум бо омӯзгорони соҳиб маълумот пурра таъминшуда, дар он 260 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Соли 1957 дар ҶШС Тоҷикистон филиали техникуми иттифоқии ғоибонаи молиявӣ ташкил гардида, то соли 1973 фаъолият намудааст. Техникуми молиявию иқтисодии шаҳри Душанбе соли 1973 мутобиқи қарори КМ ҶК Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 22 октябри соли 1969 ва мактуби Вазорати маорифи ИҶШС аз 21-уми августи соли 1972 аз нав ташкил карда шудааст.

Дар солҳои фаъолияти техникуми молиявию қарзӣ, ки дар он Вазири ояндаи молия Лафизов Ҷ.Л., сардори ояндаи Суѓуртаи давлатии ҷумҳурӣ Аюбов Н. Х. ва директори ояндаи техникуми молиявию қарзӣ ҳамчун устодон фаъолият намуданд. Дар солҳои гуногун роҳбарони ин техникумро шахсиятҳои варзида бар уҳда доштанд, аз ҷумла Азиз Хоҷаевич Каримов солҳои 1973—1988, Бахтиёр Туйчиевич Кобилов — 1988—2008 ва Каримҷон Бобоҷонович Ҳусейнов — 2008—2009. Техникуми мазкур дар солҳои 1942—1956 як гӯруҳи калони мутахассисони ҷавони миллиро тайёр намудааст, ки онҳо барои инкишофи минбаъдаи маќомотҳои молия, ҳисобдорӣ ва суѓуртаи ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоштанд. Яке аз онҳо олими намоёни соҳаи молияи мамлакат Назаров Т. Н. буда, барои инкишофи минбаъдаи илми молия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа саҳми бениҳоят калон гузоштааст. Мувофиқи дастури Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 16-уми майи соли 1975 ва фармони Вазорати молияи ИҶШС таҳти аз 2 июли соли 1975 Техникуми молиявию иқтисодии шаҳри Душанбе ба тобеияти бевоситаи Вазорати молияи ИҶШС гузаштааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2002, Техникуми молиявию иқтисодии шаҳри Душанбе ба Коллеҷи молиявию иқтисодии шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Тибқи Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.2009 Коллеҷи молиявию иќтисодии шаҳри Душанбе ба Донишкадаи молияи Тоҷикистон табдил ёфта, то соли 2012 фаъолият намуд, ки роҳбарии онро д.и.т., профессор Ҳусейнов К. Б. ба уҳда дошт.

Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ» дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кардааст. Чанде пас фармони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 1996 ба имзо расид, ки дар он омада буд: «Мутобиќи ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 июли соли 1996 бо маќсади тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи андоз ва ҳуқуқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо шаклҳои таълими рӯзона, шабона ва ѓоибона ташкил карда шавад. ҷиҳати пешбурди раванди таълим дар сохтори донишкада факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, умури гумрук, иќтисодӣ, менеҷмент ва ҳамчунин барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи андоз ва ҳуқуқ аз ҳисоби хоҳишмандони маълумоти олии дуввум ба роҳ монда шавад".

Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, то соли 2006 дар ҳайати ҳамин Кумита кор ва фаъолият намудааст. Мувофиќи ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Муассисаи таълимии давлатӣ табдил дода шуда, ба худ номи «Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон»-ро гирифт. Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон то соли 2012 фаъолият намуд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси донишкада таълим дар ду бахш — рӯзона ва ѓоибона сурат гирифт. Мутахассисон асосан аз рӯи ихтисосҳои умури бонк, андоз ва андозбандӣ тайёр карда мешуданд. Дар солҳои аввали фаъолияти донишкада кулли устодон ба сифати ҳамкор асосан аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват шуда буданд. Баъдтар аксари онҳо ба ҳайси кормандони асосӣ ба донишкада гузашта, асоси ҳайати профессорону омӯзгорони ин боргоҳи маърифатро ташкил намуданд. Солҳои гуногун дар донишкада олимони маъруфи ҷумҳурӣ ба мисли академикҳои АИ ҶТ Диноршоев М. Д., Раҳимов Р. К., Раҳимов Р. Р., профессорон Мамадназарбеков М. Н., Саидмуродов Л.Ҷ., Комилов С.Ҷ., Исломов С. И., Бобоев О., Умаров Х. У., Эшбоев А. Э., Эргашев А. Э., Дӯстбоев Ш., Саидов Н. С., Наврӯзов С. Н., Комилов Р., Ѓафуров Х. Г., Ќандиёрова Д. О., Ҳотамов Н., Мухторов С., Имомов Ш., Яъќубов Ю., Зокиров Г., Маликов ҳ., Шарифзода А., Маҳмадаминов А., Асозода Х., Ќодиров Ќ.Б., Набиева М., Ќурбоншоев С. З., Сатторов Х. С., Бобоев Ќ.Б., Ќурбонов И.Ќ., Мирзоев Н. М., Тошев О., Абдуѓаффоров А., Шерова Н., Сафаров Н. С., Кошонова М. Р., Нидоев Н. Ф., Исмоилов Ш. М.. ҳомидов Х., Усмонов Н., Мирзоахмедов Ф., Ќурбонова А. К., Воҳидов В. В., Одилов Н. О. кор ва фаъолият намудаанд ва баъзеи онҳо имрӯз ҳам фаъолияташонро идома дода истодаанд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.05.2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассиси таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсад аз ташкил намудани он, пеш аз ҳама, татбиқ намудани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мебошад. Муассисаҳои нави таълимӣ бояд дар риштаҳое мутахассис тайёр кунанд, ки дар шароити имрӯза ба он аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои иқтисоди бозорӣ ва бозори меҳнатии ҷаҳонӣ талаботи воқеъи ва аниқ ҷой дорад, ки ба хоҷагии халқи кишварамон манфиатовар бошад, ки ҳадафи асосии дар заминаи ҳамроҳнамоии ду донишкада — собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва собиқ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъсис додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин бармеояд. Донишкалаи молия ва иктисоди Тоҷикистон соли 2012 дар ш. Душанбе дар натиҷаи муттаҳид намудани ду донишкадаи олӣ — Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Соли 2018 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфт. Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа, ки муносибатҳои бозорӣ бартарӣ дорад, амалӣ намудани сиёсати ягонаи таҳсилоти олии касбӣ, самаранок истифода намудани нерӯҳои мавҷуда ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, нисбати муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ зарур аст. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаккули заминаи хуби техникӣ, захираи лозимии мутахассисони соҳибунвон ва имконияти дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи илму таълим ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, чун донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия, бонкдорӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишварамон ба он такя менамояд. Мақсадҳои асосии таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пурраю мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва захираи кадрии собиқ ДИТ ва ДМТ, ташкилу беҳтар намудани ҳолати лаборатория ва озмоишгоҳҳо ва ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим, ба сатҳи баланд бардоштани мақоми донишкада, такмили сохтор, истифодаи усулҳои наву замонавии таълим, таҳияи барномаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молияву иқтисод, мутахассисони илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи молияву иқтисод замина гузоштан; боло бардоштани маърифати илмӣ-сиёсии ҷомеа; тарғиби зарурати донистану истифода намудани технологияи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни молияву иқтисоди ҷумҳурӣ зиёд намудани саҳми он дар рушди иқтисодиёт, ба хусус низоми молиявӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа иборат мебошад. Инчунин саҳмгузорӣ дар амалигардонии Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ бобати таҷдиди идораи молияи давлатӣ ва амалигардониии Барномаи миёнамуҳлати хароҷотҳои давлатӣ аз ҷумлаи ин ҳадаф ба шумор меравад Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи сохтор муассисаи навтаъсиси таҳсилоти олии касбӣ буда, айни ҳол дар ҳайати он 6 факултет ва 26 кафедра (19 — кафедраи тахассусӣ, 7- кафедраи умумидонишкадавӣ) фаъолият менамояд. Бо назардошти мушкилиҳои давраи гузариш ДДМИТ метавонад: — ҳайати асосии омӯзгоронро ҷалб намояд ва мувофиқан ба имкониятҳои иқтисодии кишвар заминаи моддию техникии таълимро мустаҳкам намояд; — дар раванди таълим ҳаддалимкон дастрасӣ ба технологияи нави замонавиро таъмин намояд; — тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти ниёзҳои воқеии ҷомеа ва талаботи бозори меҳнат ба роҳ монад; — робитаҳояшро бо мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии хориҷи дуру наздик васеъ намуда, қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷиро барқарор ва такмил диҳад.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимӣ буда, донишҷӯёнро тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсил фаро мегирад. Ин донишгоҳ дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ буда, мақсади асосии он омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.

Маъмурият[вироиш]

Аввалин ректори донишкада дотсент Гулмирзоев Дона Гулмирзоевич таъин гардид. Ректории ин донишкадаро дар солҳои 1996—2005 д.и.и., профессор Гулмирзоев Д. Г. бар уҳда дошт. Дар солҳои 2006—2008 д.и.и., профессор Комилов С.Ҷ., 2008—2009 д.и.и., профессор Бобоев О. Б., 2008—2012 д.и.и., профессор Нидоев Н. Ф. бар уҳда доштанд. Роҳбарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш то декабри соли 2013-ум н.и.и., дотсент Мирбобоев Р. М. ба уҳда дошт. Аз соли 2013 то соли 2017 н.и.и., дотсент Солиев А. А. ректори донишкада буд. Соли 2017 роҳбарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро д.и.и., профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ба уҳда дошт. Бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2018 ректори ин донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ таъин шуд.[1].

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]