Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
(ДСРТ / РТСУ)
Новый корпус РТСУ.jpg
Номи байналмилалӣ Российско-Таджикский Славянский Университет
Соли таъсисёбӣ 1996
Ректор Тоҳир Хоҷазода
Донишҷӯён 5800
Докторон 56
Профессорон 50
Омӯзгорон 326 (аз ҷумла ҳамкорон)(2016)
Сайт rtsu.tj
Commons-logo.svg Аксҳо дар мавзуи дар Викианбор
Ансамбли донишҷӯён «Славянка»

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (МТОБ ДСРТ) — муассисаи таълимии олии байнидавлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели 1996 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло (соли 2015), донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.[1]

«Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд. Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити берунӣ муваффақона фаъолият доранд»

[2]

 — зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Таълим[вироиш]

Соли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63 % устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон (аз ҷумла ҳамкорон) 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.[3]Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсиони (Д 737.011.01) аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои (заб. русӣ: 10.01.10 — журналистика и 10.02.20 — сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам.) амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои (46.06.01- История и археология;- 38.06.01- Экономика;- 42.06.01- Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01-Языкознание и литературоведение.) муҳасилинро қабул мекунад.[4]

Ректорони донишгоҳ[вироиш]

Факултетҳо[вироиш]

  1. Факултети иқтисодӣ;
  2. Факултети филологӣ, журналистика ва медиатехнологияҳо;
  3. Факултети забонҳои хориҷӣ;
  4. Факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ;
  5. Факултети ҳуқуқшиносӣ;
  6. Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ[9]

Донистаниҳо[вироиш]

30 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуда дар суханрониаш чунин иттилоотро баррасӣ намуд:

«Дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд….

Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Москва — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, „МИСиС“ ва Донишкадаи энергетикии Москва ба фаъолият оғоз карданд. Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз яксаду ҳафтод нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.

Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити беруна муваффақона фаъолият доранд….»

[10]

Боз нигаред[вироиш]


Видео дар бораи Донишгоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Қомусномаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. — Душанбе,2011.[11]
  • Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон: дирӯз, имрӯз ва пагоҳ. 1996—2016. — Душанбе, 2016[12].

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. История РТСУ
  2. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дар давоми 20 сол беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонон хатм намуданд
  3. РТСУ в цифрах (январь 2016)
  4. Аспирантура РТСУ
  5. Ректор Абдуҷаббор Сатторов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд.
  6. Ректор Муҳаммадюсуф Имомов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд.
  7. Ректор Нуралӣ Назарович Cолеҳов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд.
  8. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хоҷазода Тоҳир Абдулло(тоҷ.). khovar.tj. 29 май 2020 санҷида шуд.
  9. Факультеты РТСУ(рус.). www.rtsu.tj. 29 май 2020 санҷида шуд.
  10. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 августи соли 2016
  11. http://www.rtsu.tj/upload/files/information_rtsu.pdf «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе,2011. — 386 стр
  12. О международных связях университета Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — 304 с.