Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.

Шаблон:Донишгоҳи кутти

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишкада соли 1979 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Соли 2009 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода гузошта шудааст. Ректор - доктори илмҳои педагогика, профессор Идигул Қосимзода (аз соли 2015) мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишкада бо қарори Совети Вазирони ИҶШС аз 29 майи соли 1979 ба ҳайси Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ташкил шуда буд. Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1992 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 ба донишкада номи Нависандаи халқии Тоҷикистон,Сотим Улуғзода гузошта шудааст. Аз соли 2009 дар донишкада шӯъбаи аспирантура ва аз соли 2012 магистратура ва шӯъбаи тайёрӣ амал менамоянд. Дар дар 4 факулта ва 16 кафедраҳои донишкада зиёда аз 186 наф. кормандони илмӣ-омӯзгорӣ кор мекунанд, аз ҷумла профессорону усдодон аз донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ. Донишкада дар ин самт бо 13 донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишкада аз рӯи 19 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 2200 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 10 ҳазор мутахассисони маълумоти олидор тайёр намудааст.

Факултаҳо[вироиш]

Дар донишкада 4 факултет фаъолият дорад:

  • Забонҳои романию германӣ
  • Забонҳои шарқ
  • Филологияи рус
  • Филологияи точик

Устодони варзидаи донишкада[вироиш]

  • Раҳим Додихудоев — (15 июн 1928 — 14 ноябри 1995) — олими шарқшинос-эронишинос ва помиршинос. Муассис ва ректори аввалини Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (1980-1984).
  • Саноат Бозорова — омӯзгор, доктори илми педагогика (2006), профессор.
  • Ҳикматулло Абдуллозода — омӯзгор, биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2003), дотсент

Пайвандҳои беруна[вироиш]