Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

(ДДСТДТ)
Соли таъсисёбӣ 30 марти соли 2013
Навъ давлатӣ
Сайт ddstdt.tj

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкада соли 2013 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Моҳи июни соли 2018 донишкада аз аттестатсияи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бомуваффақият гузашта, иҷозатномаи фаъолияти он ба муддати панҷ соли навбатӣ тамдид карда шуд. Тибқи иҷозатнома таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 31 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯйи 15 ихтисос ба роҳ монда мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013, таъсис ёфта, дар асоси Оиннома амал мекунад ва аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисонро тайёр мекунад. Бо фармоиши Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст. Бинои таълимии донишкада аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, сохтори таълимиро бошад 3 факултет, 7 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд.

Факултаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Факултети санъати тасвирӣ
  • Факултети дизайн
  • Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ

Кафедраҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хочаев;
  • кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ;
  • кафедраи санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ;
  • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ (умумидонишкадавӣ);
  • кафедраи тарҳрезии бадеии либос;
  • кафедраи дизайн ва меъморӣ;
  • кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Таърих(тоҷ.). ddstdt.tj. 3 июли 2019 санҷида шуд.