Донишномаи Рӯдакӣ
Донишномаи Рӯдакӣ | |
|---|---|
| Забони асл: | тоҷикӣ |
Донишномаи Рӯдакӣ (форсӣ: دانشنامه رودکی) — донишномаест ба забони тоҷикӣ, ки дар соли 2008 тавассути Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ мунташир шудааст[1].
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи нақша бояд «Донишномаи Рӯдакӣ» дар 4 ҷилд чоп шавад. Соли 2008 ду ҷилди он ба табъ расид, ки ҳарфҳои А–С-ро дар бар мегиранд. Ҷилдҳои дигараш то ҳол (2016) ба табъ нарасидаанд[2]. Олимони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои офаридани донишномаи поягузори адабиёти форсу тоҷик «Донишномаи Рӯдакӣ», аз иттилооти зарурӣ доир ба ҳамаи паҳлӯҳои рӯзгору осори шоир ва кулли маълумоти дастрас дар робита ба Рӯдакӣ бошад, ҷамъ оварда ҷилди аввали «Донишномаи Рӯдаки»-ро тадвину таҳия намудаанд. Нахустин донишномаи тахассусии инфиродӣ — «Донишномаи Рӯдакӣ» фарогирандаи кулли мақолаҳои дорои ҳам ҷанбаи иттилоотӣ ва ҳам илмӣ буда, дар бораи аҳволу осори шоир, дараҷаи таҳқиқи ӯ, мақом ва шӯхраташ маълумот медиҳад. Роҷеъ ба ҳамаи сарчашмаҳои дастраси таърихию адабӣ, ки дар онҳо зикри Рӯдакӣ рафтааст, маълумот дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ موسسه فرهنگی واطلاع رسانی تبیان. دانشنامه رودکی در تاجيكستان منتشر شد(форсӣ). tebyan.net (6 марти 2010). 18 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2025.
- ↑ Донишномаи Рӯдакӣ / М. Муллоаҳмад // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.