Дониёлбий (Амир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дониёлбий (Амир)
Таваллуд

1730

Даргузашт 1785
Падар

Q55104290?

Фарзандон

Шоҳмурод ва Muhammad Yоqub ibn Doniyolbiy[d]

Эътиқод

суннӣ

Дониёлбий (Амир) ӯзбакӣ: Daniyal-bey Atalik; 17301785) — амири Аморати Бухоро солҳои 1759-1785.

Зиндагинома[вироиш]

Дониёлбий писари Худоёрбий буд, ки вақти ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Афғонистон ба тарафи ӯ гузашта, ҳокими Кармина таъйин шуда буд. Дониёлбий унвони хониро қабул накард ва ба тахти Аморати Бухоро нанишаст. Ба он набераи духтарии Раҳимбий – Фозилтӯра ибни Норбӯтабийро тавсия карда, ихтиёри ҳукуматро пурра ба дасти худ гирифт. Дар ин давра ошӯбу исёни ҳокимони вилоятҳо сар зада, аз Бухоро чанд вилоят ҷудо шуданд. Ҳокимони Ӯротеппаву Хуҷанд, Ҷиззах, Хатирчӣ, Каттақӯрғон ва Самарқандро забт намуда, мақсади ишғол кардани Бухороро доштанд. Онҳо сипоҳи бисёреро ҷамъ оварда ба самти Бухоро раҳсипор гаштанд. Дар ин давра бисёри қабилаҳои кӯчманчӣ аз сиёсати ҳукмронон норозӣ буданд ва исёнгарон онҳоро истифода намуда, мехостанд ҳокимияти манғитиёнро барҳам зананд. Бо мақсади ҳуҷум ба Бухоро онҳо дар саҳни масҷиди ҷомеъ ҷамъ омаданд. Дониёлбий нигоҳбонии Арки Бухороро пурзӯр намуда, баъзе чораҳои ҳарбиро андешид ва қувваҳои исёнгаронро фалаҷ сохт. Ӯ барои бастани сулҳ ба назди исёнгарон эшони Исҳоқхӯҷаро (аз авлоди Махдуми Аъзам) фиристод. Ба даъвати сулҳ танҳо сардори қабилаи баҳринҳо Ғайбуллохон гӯш намуда, дигарон ба шӯришу исён даъват мекарданд. Аз ин сабаб Дониёлбий бар зидди онҳо қӯшунҳоро равона сохта, шаҳрвандонро ба ҳифзи Бухоро даъват кард. Бо даъвати ӯ аҳолии шаҳр бархоста қӯшунҳои исёнгарро торумор сохт, аксари феодалони бонуфуз ва сардорони қабилаҳоро ба қатл расонданд.

Дар ин давра ҳокимони вилоятҳои Нурато, Кармина, Хузор ва Ӯротеппа ба шӯриш бархоста, дар водии Зарафшон қабилаҳои «ҳафт қавм» («етти уруқ») исён карданд ва дар аморат ҷангҳои дохилӣ авҷ гирифтанд. Сардори қабилаи юз Фозилбий аз Хуҷанд бархоста Ӯротеппаро ишғол кард ва ба ҷониби Самарқанд равона шуд. Ӯ Самарқандро муҳосираву забт намуд ва ҳокими онро, ки бародари Дониёлбий буд, бо ҳама хешу ақрабо асир кард. Пас аз он ба ҷониби Миёнкол ҳаракат кард ва ба қувваҳои ӯ қабилаҳои хитой-қипчоқиҳо ҳамроҳ шуданд. Дониёлбий бо лашкари бисёре ба муқобили онҳо равона шуда ба Кармина расид. Дар ин мавзеъ гуфтушунидҳо бо исёнгарон оғоз шуданд. Исёнгарон аз тахт сарнагун кардани Фозилтӯраро талаб мекарданд. Дониёлбий ночор ба ин талаб розӣ шуда, Фозилтӯраро ҳокими Қаршӣ таъйин кард ва ӯ бо падараш – Норбутабий ва наздиконаш ба он ҷой равона шуд. Мубориза бо феодалон ва исёнгарон мустаҳкам намудани ҳокимият ва пурзӯр намудани қувваҳои ҳарбиро тақозо мекард. Бо ин мақсад Дониёлбий ҳокимиятро пурра ба дасти худ гирифт. Ба ҷойи Фозилтӯра шоҳзода Абдулғозихон-набераи Абдулфайзхони чингизиро ҳокими Бухоро таъйин кард. Норбӯтабий ҳанӯз вақти дар Бухоро буданаш дар қасди ба даст овардани ҳокимият буд. С. 1771 ӯ бо ҳамроҳии ҳокимони Шаҳрисабзу Хузор боз бар зидди Дониёлбий шӯриш бардошт. Ин шӯриш пахш карда шуда, Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ҳисор ва дигар шаҳрҳо ба итоати Бухоро даромаданд. Пас аз ҳукмронии 27-сола (9 июни с. 1785) Дониёлбий вафот кард. Дар давраи ҳукмронии ӯ мадрасаву масҷидҳо баста шуда, ҳуҷраҳои онҳо ба анбори коҳу ғалладона мубаддал шуданд. Зулму тааддӣ ва андозҳо бар гардани мардум зиёд гаштанд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 122-123

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

  • Бисабоат Исмоилова. История Бухарского эмирата (втор.пол. XVIII- сер. XIX вв.). - Худжанд: Нури маърифат, 2005;
  • Бисабоат Исмоилова. Бухарский эмират при эмире Хайдаре. - Худжанд: Адолат, 2000;
  • Бисабоат Исмоилова. Политическая история Бухарского эмирата при эмире Хайдаре (1800-1826 гг). - Д.: 1999;
  • Бисабоат Исмоилова. Бухарский эмират в период протектората. – Худжанд: Гос. изд-во им. Рахима Джалила, 1997.
  • Джурабаев Д.Х.. Джурабаев Д.Х. Политическая история Бухарского эмирата по второй пловине XVIII – середине XIX вв. (По материялам среднеазиатских и внешних письменных источников). – Худжанд, 2013. -318 с.