Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Донои Мозандронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донои Мозандронӣ

Мирзо Муҳаммадалӣ писари Мулло Муҳаммадсаид Донои Мозандронӣ (форсӣ: دانای مازندرانی‎; ? — 1690) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш — Мулло Ашрафи Мозандаронӣ шахси фозилу донишманд буд. Бо тахаллуси Ашраф шеър менавишт. Аз ватанаш дар замони ҳукмронии Аврангзеб (ҳукмронӣ 1658—1707) ба Ҳиндустон рафт ва устоди духтари ӯ — шоира Зебуннисо шуд. Писараш Мирзо Муҳаммадалӣ чун падар шоир буд ва дар Муршидободи Бангола мезист, дар дарбори ҳукмрони ин вилоят хидмат мекард. Дар тазкираҳо аз девони ӯ (иборат аз чаҳор ҳазор байт) иттилоъ додаанд. Ба қалами Донои Мозандронӣ инчунин «Шаҳрошӯб» ва маснавие бо номи «Муноҷоту-н-наҷот» тааллуқ доранд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳои «Сарви Озод», «Шамъи анҷуман», «Суҳуфи Иброҳим» ва ғ. оварда шудаанд.