Доғи Офтоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурӯҳи доғҳо дар Офтоб, аккосӣ дар равшании мушоҳидашаванда. Акси гирифтаи дастгоҳикайҳонии Hinode 13 декабри соли 2006.[1]

Доғи Офтоб — соҳаҳои нисбатан хунук дар сатҳи Офтоб аст, ки чун доғи торик дида мешавад; соҳаи майдони магнитии пурқувват ва яке аз нишонаҳои фаъолияти Офтоб. Майдони пурзӯри магнитӣ ҳаракати конвективии гази тафсонро, ки сабаби интиқоли энергия аз қаъри Офтоб ба сатҳ мебошад, суст мекунад. Аз ин сабаб, газ дар доғ хунук шуда, ҳарорат то 4 - 5 ҳазор дараҷа паст мефарояд. Андозаи доғҳо ҳазорҳо - даҳҳо ҳазор километр шуда метавонад. Шумораи Доғи Офтоб даврӣ тағйир меёбад ва фосилаи он ба ҳисоби миёна 11 сол аст. Замоне, ки миқдори доғҳо меафзояд – максимуми фаъолияти Офтоб ва солҳое, ки доғҳо нест ва ё кам мешаванд - минимуми фаъолияти Офтоб меноманд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Шаблон:Офтоб