Jump to content

Дузабонгунагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дар ҷомеъашиносии забон, дузабонгунагӣ (ба инглисӣ: diglossia) вазъияти забоне аз як ҷомеа ҳаст ки дар он ду гунаи мутафовит аз як забон, бо коркардҳо ва корбурдҳои иҷтимоӣ комилан мутамойиз, ба кор меравад.

Дузабонгунагӣ мавқеияти забонии нисбатан пойдорест,ки дар он илова бар гӯишҳои ошнои як забон (ки метавонад сӯрати меъёри забонро низ шомил шавад), ҳовии гунае комилан мутафовит бо кодҳои вижааст (ки маъмулан ҳовии қавоиди дастурии печидатаре ҳам ҳаст), ки маъмулан барои навиштору адабиёт ба кор меравад. Ин гӯна, ё суратии қадимитари забонаст; ё ба минтақаи забонии дигаре таъаллуқ дорад. Ин гуна дар омӯзиши расмӣ ба кор гирифта мешавад ва дар суханони расмӣ низ корбурд дорад, вале ба ҳангоми гуфтугӯҳои рӯзмарра ба кор намеравад. [1]

Авомиле монанди нақш, ташшахус, мероси адабӣ, фарогирӣ, истондордсозӣ, оморсозӣ (Staticness), дастури забон, вожагону вожашиносӣ аз ҷумла мавориде ҳастанд ки метавонанд ду Дузабонгунагиро тақвият кунанд ё онро ба мухотира биандозанд.

Нақш: тафовути нақшии гунаҳои забон дар Дузабонгунагӣ мафҳумест, ки дузбонгунагиро аз дузбонагӣ мутафовит мекунад. Дар Дузабонгӯнагӣ, сӯратҳои L ва H барои аҳдофи гуногуне ба кор мераванд; масалан суханрониҳои мазҳабиву донишгоҳӣ ё сармақолаҳои нашриёт маъмулан бо гунаи H ва гапзаданҳои дӯстона бо гунаи L анҷом мешавад.

Ташшахус: Сурати H маъмулан барои муқеъияти иҷтимои болотару гунаи L ба унвони гунаи камарзиш ва камаҳамият ба кор меравад.

  1. Ferguson (January 1959). «Diglossia». WORD 15 (2): 325–340. doi:10.1080/00437956.1959.11659702. ISSN 0043-7956.