Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Дуруғрасонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дуруғрасонӣ (форсӣ: دروغ‌رسانی‎ — иттилооти барқасдона дурӯғ ё таҳрифшуда, ки ба ҳариф, қурбонӣ ё шарики корӣ барои самараноктар бурдани амалиёти ҷангӣ, ҳамкорӣ ё санҷиши хуруҷи иттилоот пешниҳод карда мешавад.

Инчунин дуруғрасонӣ (ё «дезинформатсия») худи раванди дасткорӣ («манипулятсия»)-и иттилоотро меноманд, масалан: пешниҳоди иттилооти нопурра (ё иттилооти пурра, вале аллакай нолозим), таҳрифи контекст, таҳрифи қисми иттилоот.

Мақсади дуруғрасонӣ — маҷбур кардани ҳариф ба амале, ки барои дасткорӣ зарур аст. Рафтори субъекте, ки бар зидди ӯ дуруғрасонӣ равона шудааст, метавонад аз қабули қарори барои дасткорӣ зарур ё даст кашидан аз қарори барои дасткорӣ номуфид иборат бошад.

Бояд ба назар гирифт, ки истилоҳи «дуруғрасонӣ» метавонад ҳамчун воситаи истифодаи мубоҳиса бо мақсади бадном кардани мавқеъ ва далелҳои ҳариф истифода шавад. Дар ин ҳолат, истилоҳ ҳамчун воситаи пуриқтидор барои беэътибор сохтани тамоми мавқеи ҳариф бе зарурати ворид шудан ба баҳси воқеӣ хидмат мекунад. Ин ба иттиҳом ранги ахлоқӣ дода, ҳарифро на танҳо хатокор, балки паҳнкунандаи бадкори дурӯғ нишон медиҳад.

Намудҳои дуруғрасонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

гумроҳ кардани шахси мушаххас ё гурӯҳи шахсон (аз ҷумла нисбати тамоми миллат);

манипулятсия (нисбат ба рафтори як шахс ё гурӯҳи одамон);

эҷоди афкори умум нисбат ба кадом як мушкилот ё объект.

Гумроҳкунӣ — ин чизе нест, ба ҷуз фиреби мустақим ва пешниҳоди иттилооти дурӯғ. Манипулятсия (дасткорӣ) — ин тарзи таъсиррасониест, ки бевосита ба тағйир додани самти фаъолнокии одамон нигаронида шудааст. Сатҳҳои зерини манипулятсияро ҷудо мекунанд:

тақвияти арзишҳои мавҷуда дар шуури одамон (ғояҳо, установкаҳо...), ки барои манипулятор муфид аст;

тағйири қисмакии назарҳо ба ин ё он ҳодиса ё ҳолат;

тағйири куллии установкаҳои ҳаётӣ;

сохтани объектҳои дурӯғин ва тағйири ҷойгиршавии қӯшунҳо (дар умури ҳарбӣ).

Эҷоди афкори умум — ин ташаккули муносибати муайян дар ҷомеъа нисбат ба мушкилоти интихобшуда.

Тадқиқотҳо дар соҳаи дезинформатсия ҳамчун як соҳаи амалии тадқиқот густариш меёбанд[1].

Стратегияҳои паҳнкунии дуруғрасонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёти академӣ чор усули асосии паҳнкунии дезинформатсия нишон дода шудааст:[2]

Сентзураи интихобӣ. Манипулятсия бо рейтинги ҷустуҷӯ. Шикастан (взлом) ва нашр кардан (релиз). Паҳнкунии мустақими дуруғрасонӣ.

Захираҳое, ки бар зидди дуруғрасонӣ мубориза мебаранд

[вироиш | вироиши манбаъ]

 European Union: Оперативная рабочая группа по стратегическим коммуникациям (Гурӯҳи кории фаврӣ оид ба коммуникатсияҳои стратегӣ)

 Украина: «Детектор медіа», «StopFake»

 Poland: «OKO.press(лаҳс.)»

 Ҷумҳурии Чех: «Seznam Zprávy(чех.)»

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Активные мероприятия

Ҷанги психологӣ

Хабарҳои дурӯғин

Сентзураи интернетӣ

  1. Tandoc, Edson C. The facts of fake news: A research review. // Oxford : Wiley, 2007. — 2019. — ISSN 1751-9020.
  2. Joshua Tucker, Andrew Guess, Pablo Barbera, Cristian Vaccari, Alexandra Siegel Social Media, Political Polarization, and Political Disinformation: A Review of the Scientific Literature // SSRN Electronic Journal. — 2018. — ISSN 1556-5068. — doi:10.2139/ssrn.3144139.