Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Дӯстмуҳаммади Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстмуҳаммади Самарқандӣ
Иттилооти асосӣ

Дӯстмуҳаммади Самарқандӣ (форсӣ: دوست محمد سمرقندی; қарни XVII) — меъмори форс-тоҷик.

Тарҳи мадрасаи Нодир Девонбегиро (Самарқанд), ки соли 1638 бо фармон ва маблағгузории Нодирмуҳаммади Девонбегӣ сохта шуда буд, Дӯстмуҳаммади Самарқандӣ кашидааст. Азбаски мадраса дар паҳлуи масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷойгир аст, байни мардум то кунун бо номи Мадрасаи Хоҷа Аҳрори Валӣ маълуму машҳур мебошад. Мадраса ба таври меъмории анъанавӣ сохта шуда, даромадгоҳи пештоқдори он бо нақшҳои хурди бо рангҳои фирӯза, сабз ва зард кандакоришуда оро ёфтааст. Мадраса яктабақа буда, атрофи ҳавлӣ бо 27 ҳуҷраи яктабақаи равоқдор иҳота шудааст, ки ҳар яки онҳо ба тарафи ҷануби бино баромадгоҳ доранд. Аз ҳар ду ҷониби ҳавлӣ айвон сохта шуда, масҷид ва дарсхона дар дохили ҳавлӣ ҷойгиранд. Боми дарсхона гунбазпӯш аст. Масоҳати умумии мадраса — 84,5/50 м². Дар миёни нақшунигори мадраса номи меъмор ва соли бунёди бино навишта шудааст.