Евгений Велихов
русӣ: Евгений Велихов | |
Таърихи таваллуд | 2 феврал 1935 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 декабр 2024[1] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | atomic physics[d], физик[6], plasma physics[d][6] ва nuclear energetics[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Александр Прохоров |
Шогирдон | Vladislav Panchenko[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Велихов Евгений Павлович (2 феврал 1935, Маскав — 5 декабр 2024[1], Мерсин[2][3] ё Маскав[4][5]) — физикдон-назарияпардози рус, доктори илмҳои физика ва математика (1966), академик (1974), ноиби президенти АИ ИҶШС (1978—1991) ва АИ Руссия (1978—1996). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1985).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1958). Аз соли 1958 дар Институти энергияи атомии ба номи И. В. Курчатов кор кардааст. Аз соли 1988 директори Институти мазкур. Солҳои 1971-78 директори филиали ҳамин ин-т — Лабораторияи магнитии АИ ИҶШС (минбаъд Институти таҳқиқоти инноватсионӣ ва термоҳастаии Троиск), мудири кафедраи физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав (аз соли 1971), роҳбари Барномаи термоҳастаии ИҶШС (аз соли 1975) буд. Асарҳояш асосан ба физикаи плазма, ҳидродинамикаи магнитӣ, муаммои синтези термоҳастаии идорашаванда бахшида шудаанд. Президенти Маркази илмии «Институти Курчатов» (аз соли 1992), президенти ширкати «Росшелф», ноиби президенти Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Руссия, Котиби Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Руссия (аз соли 2006) ва аз соли 2010 узви Шӯрои илмии машваратии Фонди «Сколково». Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1984), Мукофоти давлатии ИҶШС (1977), Мукофоти давлатии Федератсияи Руссия дар соҳаи илм ва технология (2002), Мукофоти ба номи М. Д. Миллионшикови АИ ИҶШС (1986), Мукофоти «Энергияи глобалӣ» (2006). Бо ордени «Барои хидмати шоиста дар назди ватан» (дараҷаи IV) сазовор гаштааст (2010).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Умер академик Евгений Велихов (рус.) — РИА Новости, 2024.
- ↑ 2.0 2.1 https://archive.fo/nX1G6
- ↑ 3.0 3.1 https://www.newsru.co.il/world/6dec2024/velihov_101.html
- ↑ 4.0 4.1 Ковальчук заявил, что Велихов умер в Москве, а не в Турции — gazeta.ru, 2024.
- ↑ 5.0 5.1 В Москве простятся с академиком Евгением Велиховым — TASS, 2024.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Велихов Евгений Павлович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 2 феврал
- Зодагони соли 1935
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 5 декабр
- Даргузаштагони соли 2024
- Даргузаштагони Туркия
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 1
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо