Евгений Смирнов (сиёсатмадор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Евгений Смирнов (сиёсатмадор)
Таваллуд 15 ноябр 1937(1937-11-15) (86 сол)
Ҳизб
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Евгений Александрович Смирнов ( 15 ноябри 1937, деҳаи Райки вилояти Ленинград) — арбоби давлатӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ; гидросоз. Солҳои 1992-1997 Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Хакасия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

15 ноябри соли 1937 дар дехаи Райки райони Порхови вилояти Ленинград (аз соли 1944 — Псков) таваллуд шудааст.

Баъди хатми институти политехникии Харков дар соли 1960 ба заводи машинасозии Ново-Краматорск ҳамчун инженер-конструктор фиристода шуд. Соли 1961 уро ба шӯъбаи Вазорати энергетика ва электрификатсияи СССР фиристоданд ва ба сохтмони ГЭС-и Братск роҳбарӣ карданд. Дар системаи Вазорати энергетикаи СССР аз соли 1961 то соли 1982 дар сохтмони истгоҳҳои электрикии обии Братск, Красноярск ва Саяно-Шушенская кор кардааст.

Соли 1980 котиби комитети ҳизбии управленияи «Красноярскгесстрой», баъд котиби КМ ҲКИШ-и Саяногорск интихоб шуд, соли 1985 ба вазифаи мудири шуъбаи сохтмони комитети вилоятии ХКИШ гузашт. Аз соли 1988 то соли 1992 дар комиҷроияи вилояти Хакасия кор кардааст.

Соли 1992 раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Хакасия интихоб шуд. Солҳои 1996-1997 узви Шӯрои Федератсия буд [1] . Соли 1998 муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Хакасия интихоб шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Смирнов Евгений Александрович: член Комитета Совета Федерации по бюджету, налоговой политике, финансовому, валютному и таможенному регулированию, банковской деятельности // Сайт Совета Федерации ФС РФ.